41 Ва ин идро ҳар сол ҳафт рӯз барои Худованд ид кунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо; дар моҳи ҳафтум онро ид кунед.
Ва ӯ ҳар рӯз, аз рӯзи якум то рӯзи охирин, китоби Тавроти Худоро хонд; ва ҳафт рӯз ид карданд, ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади идонае бар тибқи шариат барпо гардид.
Ва нон, ва хӯшабирьён, ва хӯшаи тару тоза нахӯред то ҳамои рӯзе ки қурбонии Худои худро тақдим намоед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.
Ва дар рӯзи аввал мевае аз дарахти зебо, навдаҳои дарахти хурмо, ва шохаҳои дарахти пурбарг ва бедҳои наҳрро барои худ бигиред, ва ба ҳузури Худованд Худои худ ҳафт рӯз хурсандӣ кунед.
Ҳафт рӯз дар хаймаҳо сокин бошед; ҳар як тубҷоӣ дар Исроил бояд дар хаймаҳо сокин бошад,
Ва дар рӯзи понздахуми моҳи ҳафтум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед, ва иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед.