Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 23:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Шаш рӯз кор бояд кард, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромӣ, ҷамъомади муқаддас мебошад; ҳеҷ кор накунед; он дар ҳамаи масканҳои шумо шанбе барои Худованд аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 23:3
17 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ин аст он чи Худованд гуфтааст: фардо оромӣ, шанбеи муқаддаси Худованд аст, он чи пухтан хоҳед — бипазед, ва он чи ҷӯшонидан хоҳед — биҷӯшонед, ва ҳар он чи зиёдатӣ кунад, барои худ саришта карда то субҳ нигоҳ доред».


Бубинед, ки Худованд шанберо ба шумо бахшидааст, бинобар ин Ӯ дар рӯзи шашум нони дурӯзаро ба шумо медиҳад; пас, ҳар яке дар ҷои худ биншинед, ҳеҷ кас дар рӯзи ҳафтум аз маконаш берун наравад!»


Ва қавм дар рӯзи ҳафтум ором гирифтанд.


Шаш рӯз корҳои худро ба ҷо овар, ва дар рӯзи ҳафтум ором гир, то ки говат ва харат фароғат ёбад, ва писари канизат ва ғариб истироҳат кунанд.


Шаш рӯз кор кун, ва дар рӯзи ҳафтум истироҳат намо; дар мавсими шудгор ва дарав низ истироҳати шанберо риоят намо.


Хушо касе ки инро ба ҷо меоварад, ва одаме ки ба ин пайравӣ менамояд, шанберо нигоҳ дошта, палид намекунад ва дасти худро аз ҳар бадкирдорӣ бозмедорад».


Ва аҷнабиёне ки ба Худованд ҳамроҳ шуда бошанд, то ки ба Ӯ хизмат кунанд ва исми Худовандро дӯст дошта, бандагони Ӯ гарданд, яъне ҳамаи онҳое ки шанберо нигоҳ дошта, палид намекунанд ва ба аҳди Ман пайравӣ менамоянд, —


Агар пои худро ба хотири шанбе аз иҷрои корубори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ, ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи муқаддаси Худовандро мӯҳтарам бихонӣ, ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ равона шавӣ, коруборе барои худ пайдо кунӣ ва дар ин хусус суханони беҳуда ронӣ, —


Ҳар яке аз модари худ ва аз падари худ тарсон бошед, ва шанбеҳои Маро риоя намоед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рӯзи шанбе шифо дод, дарғазаб шуда, ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рӯзи шанбе».


Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.


Зеро ки Мусо аз наслҳои қадим дар ҳамаи шаҳрҳо воизони худро дорад, ва дар куништҳо ҳар рӯзи шанбе қироат мешавад».


Ва дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт: «Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan