Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 23:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Ва дар ҳамон рӯз эълон намоед, ки он барои шумо ҷамъомади муқаддас бошад; ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист дар ҳамаи масканҳои шумо барои наслҳои шумо.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 23:21
14 Iomraidhean Croise  

Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту, ва насли ту баъд аз ту, барқарор мекунам, ки дар ҳамаи наслҳои онҳо аҳди ҷовидонӣ бошад, то ки туро, ва баъд аз ту насли туро Худо бошам.


Дар хаймаи ҷомеъ, берун аз пардае ки бар сандуқи шаҳодат аст, бигзор онро Ҳорун ва писаронаш аз шом то субҳ ба ҳузури Худованд барафрӯзанд; ин фароизи абадӣ насл ба насли онҳо аз банӣ‐Исроил хоҳад буд.


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард, ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.


Ва нон, ва хӯшабирьён, ва хӯшаи тару тоза нахӯред то ҳамои рӯзе ки қурбонии Худои худро тақдим намоед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: идҳои Худованд, ки онҳоро шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддас бихонед, — инҳоянд идҳои Ман:


Ва коҳин онҳоро бо нони ҷунбонидании навбарҳо ба ҳузури Худованд бо якҷоягии он ду барра бояд биҷунбонад, — онҳо барои Худованд муқаддас буда, ба коҳин тааллуқ хоҳанд дошт.


Ҳеҷ кор накунед, ва қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед».


Ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.


Инҳо идҳои Худованд, ҷамъомадҳои муқаддас мебошанд, ки онҳоро шумо бояд дар вақташ даъват намоед:


Дар рӯзи якум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кор накунед.


Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».


Ва левизодагон бигзор хизмати хаймаи ҷомеъро ба ҷо оваранд, вале онҳо барои гуноҳашон ҷазо хоҳанд ёфт; ин барои наслҳои шумо фаризаи доимӣ хоҳад буд, ва дар миёни банӣ‐Исроил онҳо мулке нахоҳанд дошт,


Ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандӣ бикун, — ту ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизодае ки дар шаҳри туст, ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар миёни туст, — дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan