13 Ва ҳадияи ордии он ду ушр орди маҳини омехта бо равған хоҳад буд, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад; ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин шароб хоҳад буд.
Ва пӯсти дарахти хушбӯй панҷсад мисқол, ва равғани зайтун як ҳин.
Ҳеҷ бухури дигаре ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордӣ бар он тақдим накунед; ва ҳадияи рехтанӣ бар он нарезед.
Ва обро мувофиқи андоза хоҳӣ нӯшид, ки ба шашьяки ҳин баробар бошад; вақт‐вақт онро хоҳӣ нӯшид.
Ва ҳадияи ордиро ба андозаи як эфа бо ҳар наргов ва як эфа бо ҳар қӯчқор, ва равғанро ба андозаи як ҳин бо ҳар эфа биёрад.
Ва ба замми он ҳар субҳ ҳадияи ордӣ ба андозаи шашьяки эфа, ва равған ба андозаи сеяки ҳин биёр, то ки орд дар он омехта шавад; ин ҳадияи ордӣ барои Худованд бар тибқи фароизи абадӣ ба таври доимӣ хоҳад буд.
Палос пӯшида гирья кунед, эй коҳинон, навҳа намоед, эй хизматгузорони қурбонгоҳ, омада дар палос шабро гузаронед, эй хизматгузорони Худои ман! Зеро ки ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ аз хонаи Худои шумо барҳам хӯрдааст.
Ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ аз хонаи Худованд барҳам хӯрдааст; коҳинони хизматгузори Худованд мотам гирифтаанд.
Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад, ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад, яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ барои Худованд Худои шумо.
Ва дар рӯзи ҳаштум ду барраи беайб, ва як меши яксолаи беайб, ва се ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ, ва як лӯҷ равған мегирад.
Ва дар рӯзе ки шумо он бандро меҷунбонед, барраи яксолаи беайбе барои қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд тақдим намоед.
«Ин аст қурбонии Ҳорун ва писаронаш, ки бояд дар рӯзи тадҳин шудани худ ба Худованд тақдим намоянд: даҳьяки эфа аз орди маҳин барои ҳадияи ордии доимӣ; нисфаш барои субҳ ва нисфаш барои шом.
Ин — қурбонии сӯхтанӣ барои ҳар рӯзи шанбе мебошад, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он.