Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 23:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва ӯ он бандро ба ҳузури Худованд меҷунбонад, то ки шумо сазовори таваҷҷӯҳ гардед; дар рӯзи дуюми ид коҳин онро меҷунбонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 23:11
7 Iomraidhean Croise  

Ва он бар пешонии Ҳорун хоҳад буд; ва Ҳорун нуқси қурбониҳои муқаддасеро, ки банӣ‐Исроил бо ҳамаи ҳадияҳои муқаддаси худ тақдис менамоянд, хоҳад бардошт, ва он бар пешонии ӯ доимо хоҳад буд, то ки онҳо ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбанд.


Ва ҳамаашро бар дастҳои Ҳорун ва бар дастҳои писарони ӯ бимон, ва инро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд чунбонида‐ҷунбонида биёр.


Ва синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро ту ва писаронат ва духтаронат бо ту дар макони пок бихӯред, зеро ки инҳо аз забҳҳои саломатии банӣ‐Исроил барои ҳиссаи ту ва ҳиссаи фарзандони ту дода шудааст.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.


Ва дар рӯзе ки шумо он бандро меҷунбонед, барраи яксолаи беайбе барои қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд тақдим намоед.


Ва Ҳорун синаҳо ва соқи ростро, ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ, ба хузури Худованд ҷунбонид, чунон ки Мусо амр фармуда буд.


Ва Ноомӣ чунин баргашт, ва келинаш — Рути мӯобия, ки аз ноҳияи Мӯоб баргашта буд, ҳамроҳи ӯ буд; ва онҳо дар ибтидои дарави ҷав ба Байт‐Лаҳм ворид шуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan