10 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.
Дар овардани навбари ҳосилоти худ ва маҳсули чархушти худ даранг накун; нахустзодаи писаронатро ба Ман бидеҳ.
Ва иди дарави навбари ғалладонаи худро, ки дар саҳро кишт кардаӣ; ва иди ҷамъовариро дар охири сол, вақте ки ҳосили меҳнати худро аз саҳро ҷамъ кардаӣ.
Навбари аввалини заминатро ба хонаи Худованд Худои худ биёр. Бузғоларо дар шири модари он напаз.
Ва иди ҳафтаҳоро дар мавсими дарави навбари гандум ба ҷо овар; ва иди ҷамъовариро дар гардиши сол.
Навбари аввалини заминатро ба хонаи Худованд Худои худ биёр, бузғоларо дар шири модари он напаз».
Ва ибтидои тамоми навбарҳои ҳама чиз, ва ҳар пешкаши ҳар чиз аз тамоми пешкашҳои шумо аз они коҳинон хоҳад буд; ва ибтидои хамири худро ба коҳин бидиҳед, то ки баракат бар хонаи ту қарор ёбад.
«Вақте ки ба замини Канъон, ки онро Ман ба тасарруфи шумо медиҳам, дохил шавед, ва Ман захми махавро ба хонае дар замини мулки шумо бифиристам,
Ва ӯ он бандро ба ҳузури Худованд меҷунбонад, то ки шумо сазовори таваҷҷӯҳ гардед; дар рӯзи дуюми ид коҳин онро меҷунбонад.
Аз масканҳои худ ду нони чунбониданӣ тақдим намоед, ки аз ду ушр орди маҳин иборат бошад, ва бо хамиртуруш пухта шавад, — ин навбарҳо барои Худованд аст.
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки ба замини сукунати худ, ки Ман онро ба шумо медиҳам, дохил шавед,
Ва дар рӯзи навбарҳо, вақте ки ҳадияи ордии тоза барои Худованд дар иди ҳафтаҳои худ тақдим менамоед, бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.
Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.
Ҳафт ҳафта барои худ бишумор; аз вақте ки дос ба дарав шурӯъ кунад, ба шумурдани ҳафт ҳафта оғоз намо.
Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.
Ҳамин ки бардорандагони сандуқ ба Урдун расиданд, ва пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқ ба канори об ғӯтид, — дар сурате ки Урдун тамоми айёми дарав бар ҳамаи соҳилҳояш лабрез мешавад, —
Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд,
Ва Ноомӣ чунин баргашт, ва келинаш — Рути мӯобия, ки аз ноҳияи Мӯоб баргашта буд, ҳамроҳи ӯ буд; ва онҳо дар ибтидои дарави ҷав ба Байт‐Лаҳм ворид шуданд.