Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 23:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 23:1
13 Iomraidhean Croise  

Ва дар ҳар вақти тақдим кардани қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худованд дар шанбеҳо, навмоҳҳо ва идҳо, бар ҳасби шумораи онҳо, мувофиқи дастури оид ба онҳо, — доимо ба ҳузури Худованд бошанд;


Инак, ман хонае ба исми Худованд Худои худ бино менамоям, то ки онро ба Ӯ такдис кунам, бухури хушбӯе ба ҳузури Ӯ бисӯзонам, ва нони тақдими доимӣ ва қурбониҳои сӯхтании субху шомро дар шанбеҳо ва навмоҳҳо ва идҳои Худованд Худои мо такдим намоям, ки ин ба сурати абадӣ ба Исроил амр фармуда шудааст.


Қурбониҳои сӯхтаниро барои ҳар рӯз бар тибқи фармудаи Мусо, барои шанбеҳо, ва барои навмоҳҳо, ва барои идҳо се маротиба дар як сол: дар иди фатир, ва дар иди ҳафтаҳо, ва дар иди хаймаҳо.


Ҳадияи бекора дигар набиёред; бухур барои Ман зишт аст; навмоҳ ва шанбе ва анҷуман низ: ба хабосат ва маҷлиси идона наметавонам тоқат оварам.


Ва дар мурофиаҳо ба доварӣ истода, мувофиқи дастурҳои Ман доварӣ намоянд, ва қонунҳо ва фароизи Маро оид ба ҳамаи идҳои Ман риоя кунанд, ва шанбеҳои Маро тақдис намоянд.


Ва раис вазифадор аст қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтаниро дар идхо ва навмоҳҳо ва шанбеҳо, дар ҳамаи мавсимҳои хонадони Исроил бидиҳад; ӯ қурбонии гуноҳ ва ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатиро барои кафорати хонадони Исроил хоҳад овард.


Ва дар идҳо ва мавсимҳо ҳадияи ордӣ як эфа бо наргов ва як эфа бо кӯчқор бояд биёрад, ва бо гӯсфандон ба андозае ки аз дасташ ояд; ва равған як ҳин бо ҳар эфа бояд биёрад.


Ва шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам. Ман Худованд ҳастам».


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: идҳои Худованд, ки онҳоро шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддас бихонед, — инҳоянд идҳои Ман:


Ва Мусо идҳои Худовандро ба банӣ‐Исроил эълон намуд.


Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —


Рӯзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед.


Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan