Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 22:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Бигзор онҳо фармудаи Маро риоя намоянд, то ки барои он гуноҳкор шуда ҷазо наёбанд, ва онро поймол карда, аз боиси он намиранд. Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 22:9
10 Iomraidhean Croise  

Ва бигзор бар Ҳорун ва писаронаш бошад, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешаванд, ё ки барои хизмати қудс ба қурбонгоҳ наздик меоянд, мабодо гирифтори гуноҳ гардида, бимиранд; ин фаризаи абадист барои ӯ ва барои насли ӯ баъд аз ӯ.


Ва бухурро бар оташ ба ҳузури Худованд мемонад, ва абри бухур сарпӯшеро, ки бар алвоҳи шаҳодат аст, мепӯшонад, то ки ӯ намирад;


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун бигӯ, ки дар қудс ба пушти пардае ки пеши сарпӯши сандуқ аст, ҳар вақт дохил нашавад, то ки намирад, зеро ки Ман андаруни абр бар сарпӯш зоҳир хоҳам шуд.


Пас, фармони Маро риоя намоед, то ки бар тибқи он урфу одатҳои зишт, ки пеш аз шумо ба амал оварда шудааст, амал накунед, ва бо онҳо худро наҷис нагардонед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».


Ва бо хӯрдани ҳадияҳои муқаддаси онҳо боиси гуноҳ ва ҷазои онҳо нашаванд, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».


Ва банӣ‐Исроил дигар ба хаймаи ҷомеъ наздик нахоҳанд шуд, то ки гуноҳкор нашаванд ва намиранд.


Ва агар чарбуи онҳоро аз онҳо ҷудо карда тақдим намуда бошед, шумо ба сабаби онҳо гуноҳкор нахоҳед буд; ва он чиро, ки банӣ‐Исроил тақдис менамоянд, палид нагардонед, то ки намиред».


Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: тилло ё маъбад, ки тиллоро тақдис мекунад?


Пас, Худованд Худои худро дӯст бидор, ва фармони Ӯ ва фароизи Ӯ ва дастуроти Ӯ ва аҳкоми Ӯро тамоми айём риоят намо.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan