Ва аз ҳамаи ҳайвонҳое ки бар чор пой роҳ мераванд, ҳар кадоме ки бар кафи пои худ равон бошад, барои шумо наҷис аст; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.
Ва ҳар чизе ки яке аз онҳо пас аз мурданаш бар он афтад, наҷис хоҳад шуд: хоҳ чизе аз зарфи чӯбин, хоҳ либосе, хоҳ пӯсте, хоҳ халтае, яъне ҳар колое ки барои коре истеъмол мешавад, бояд дар об гузошта шавад, ва он то шом наҷис хоҳад буд, ва пас аз он пок хоҳад шуд.
Ва ҳар кӣ аз лошаи он хӯрда бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; ва ҳар кӣ лошаи онро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ва Ҳаҷҷай гуфт: «Агар касе ки ба ҷасади мурда расида наҷис шуда бошад, ба ҳар яке аз инҳо бирасад, оё он наҷис мешавад?» Ва коҳинон ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Наҷис мешавад».