Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 22:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ҳар касе ки аз насли Ҳорун махав ё ҷараён дошта бошад, то пок нашавад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад. Ва касе ки ба ҳар шахси аз мурда наҷисшуда мерасад, ё ба шахсе ки нутфа аз вай рехтааст,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 22:4
18 Iomraidhean Croise  

Ва агар яке аз чорпоёне ки барои хӯроки шумост, бимирад, ҳар кӣ ба лошаи он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар либос ва ҳар пӯст, ки ҷараёни нутфа бар он бошад, бояд бо об шуста шавад, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба коҳинон, яъне ба писарони Ҳорун сухан ронда, ба онҳо бигӯ: касе аз онҳо худро бо мурдае аз миёни қавми худ наҷис нагардонад,


Нони Худои худро вай аз он чи қудси қудсҳост, ва аз он чи ҳадияҳои муқаддас аст, метавонад бихӯрад.


Ва Ҳаҷҷай гуфт: «Агар касе ки ба ҷасади мурда расида наҷис шуда бошад, ба ҳар яке аз инҳо бирасад, оё он наҷис мешавад?» Ва коҳинон ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Наҷис мешавад».


Ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳое ки банӣ‐Исроил ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту, ва ба писарону духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ медиҳам; ин ба ҳузури Худованд барои ту, ва барои насли ту бо ту, аҳди намак то абад хоҳад буд».


Аз вақфҳои муқаддасе ки аз оташ боқӣ мемонад, инҳо аз они ту хоҳад буд: ҳар қурбонии онҳо, яъне ҳар ҳадияи ордии онҳо ва ҳар қурбонии гуноҳи онҳо ва ҳар қурбонии ҷурми онҳо, ки ба Ман тақдим мекунанд; инҳо барои ту ва писаронат чизи муқаддастарин аст.


Вале агар касе наҷис шуда, худро пок нагардонад, он кас аз миёни ҷамоат маҳв хоҳад шуд, зеро ки вай қудси Худовандро палид кардааст: оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, вай наҷис аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan