Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 22:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 «Ба Ҳорун ва писаронаш ва ба тамоми банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибони дохили Исроил, ки қурбонии худро тақдим менамояд, хоҳ он мувофиқи ягон назри онҳо бошад, хоҳ ҳамчун инъоме ки ба Худованд барои қурбонии сӯхтанӣ тақдим менамоянд, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 22:18
29 Iomraidhean Croise  

Ва Қӯре ибни Йимнои левизода, ки дарбони дарвозаи шарқӣ буд, бар хайроти Худо муваккал шуд, то ки ионатҳои Худованд ва вақфҳои муқаддасро тақсим кунанд.


Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо, ҷалоли Ту бар тамоми замин бод!


Танҳо қасди он доранд, ки ӯро аз мартабааш сарнагун созанд; кизбро дӯст медоранд: бо забони худ баракат медиҳанд, вале андаруни худ лаънат мегӯянд. Село.


Наҷоти ман ва ҷалоли ман дар Худост; кӯҳпораи қуввати ман ва паноҳгоҳи ман дар Худост.


Барои сардори муғанниён. Суруд. Тарона. Эй тамоми аҳли замин, дар шаъни Худо бонги шодӣ занед.


Барраи шумо бояд беайб, наринаи яксола бошад; аз гӯсфандон ва бузон онро бигиред.


Назр накарданат беҳ аз он ки назр кунию адо нанамоӣ.


Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки касе аз шумо бихоҳад барои Худованд қурбонӣ кунад, — қурбонии худро аз чорпоён, яъне аз галаи говон ва аз рамаи гӯсфандон ва бузон тақдим намояд.


Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,


Ва ҳар кас аз банӣ‐Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ҷонваре ё парандаеро, ки хӯрда мешавад, сайд кунад, бояд хуни онро бирезад ва бо хок бипӯшонад.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ба замми қурбониҳои шанбеҳои Худованд, ва ба замми ушрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи назрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи инъомҳои шумо, ки барои Худованд тақдим менамоед.


Ва агар забҳи қурбонии ӯ аз рӯи назр ё хайрот бошад, забҳи ӯ бояд дар рӯзи қурбонӣ шуданаш хӯрда шавад; ва бақияи онро рӯзи дигар хӯрдан мумкин аст.


Ва аз хамири туруш ҳадияи шукрона биёред, ва ҳадияҳои ихтиёриро нидокунон эълон намоед, зеро ки инро шумо, эй банӣ‐Исроил, дӯст медоред», мегӯяд Худованд Худо.


Ва он одамон аз Худованд сахт тарсиданд, ва барои Худованд қурбонӣ карданд, ва назрҳо бастанд.


Пайравони бутҳои бекора Эҳсонкунандаи худро тарк мекунанд,


Инак, бар кӯҳҳо пойҳои башоратдиҳандае ки аз сулҳу осоиштагӣ хабар медиҳад: идҳои худро, эй Яҳудо, ид намо, назрҳои худро ба ҷо биёр, зеро ки шарир дигар аз ту қадамгузор нахоҳад шуд: вай саросар маҳв гардидааст.


Ва малъун бод фиребгаре ки қӯчқори хубе дар рамаи худ дорад, ва назр намудааст, вале ҳайвони маъюберо барои Худованд курбонӣ мекунад, зеро ки Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Подшоҳи бузург ҳастам, ва исми Ман дар миёни халқҳо саҳмгин аст.


Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —


Павлус боз чандин рӯз дар он ҷо истод, он вақт бо бародарон хайру маъзур кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд ва Прискила ва Акилоро ҳамроҳи худ бурд ва дар Канхария мӯйсар гирифт, чунки назр карда буд.


Ту наметавонӣ дар шаҳрҳои худ ушри ғалла ва шираи ангур ва равғани зайтуни худро, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро, ва ҳар назреро, ки назр карда бошӣ, ва хайроти худ ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худро бихӯрӣ;


Ва курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ва ушрҳои худ, ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва назрҳои худ, ва хайроти худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро ба он ҷо биёред.


Ва иди ҳафтаҳоро барои Худованд Худои худ бо ҳадияи дасти босаховати худ ба ҷо овар, ки онро бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад, тақдим хоҳӣ кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan