Ва он бар пешонии Ҳорун хоҳад буд; ва Ҳорун нуқси қурбониҳои муқаддасеро, ки банӣ‐Исроил бо ҳамаи ҳадияҳои муқаддаси худ тақдис менамоянд, хоҳад бардошт, ва он бар пешонии ӯ доимо хоҳад буд, то ки онҳо ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбанд.
Ва агар аз гӯшти забҳи саломатии ӯ дар рӯзи сеюм хӯрда шавад, он сазовори таваҷҷӯҳ нахоҳад буд, ва барои касе ки онро қурбонӣ кардааст, ба ҳисоб оварда нахоҳад шуд; он наҷис аст, ва ҳар кӣ аз он бихӯрад, барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Ту, ва писаронат ва хонадони падарат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба қудс масъул хоҳед буд; ва ту, ва писаронат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба каҳонати шумо масъул хоҳед буд.
Ва агар чарбуи онҳоро аз онҳо ҷудо карда тақдим намуда бошед, шумо ба сабаби онҳо гуноҳкор нахоҳед буд; ва он чиро, ки банӣ‐Исроил тақдис менамоянд, палид нагардонед, то ки намиред».