Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 22:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Валекин духтари коҳин, агар бева шавад ё талоқ гирад, ва бача надошта бошад, ва ба хонаи падараш баргардад, чунон ки дар айёми бачагияш буд, — вай метавонад аз нони падараш бихӯрад; аммо ҳеҷ каси бегона набояд аз он бихӯрад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 22:13
11 Iomraidhean Croise  

Ва Яҳудо ба келини худ Томор гуфт: «Дар хонаи падари худ бева бинишин то даме ки писарам Шело калон шавад». Зеро гуфт: «Мабодо ӯ низ мисли бародаронаш бимирад». Ва Томор рафта, дар хонаи падари худ бимонд.


Ва волӣ ба онҳо гуфт, ки то коҳине дар пеши урим ва туммим наистад, аз хӯроки қудси қудсҳо нахӯранд.


Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Ин аст дастури фисҳ: ҳеҷ каси бегона набояд аз он бихӯрад.


Ва онро бояд онҳое бихӯранд, ки ба воситаи он кафорат ёфтаанд, то ки баргумошта ва тақдис карда шаванд; вале бегонае набояд бихӯрад, зеро ки ин муқаддас аст.


Ва шумо хизмати навбатдориро назди чизҳои муқаддаси Ман ба ҷо наовардед, балки аҷнабиёнро ба ҷои худ гузоштед, то ки хизмати Маро дар навбатдории хонаи муқаддаси Ман ба ҷо оваранд.


Ва синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро ту ва писаронат ва духтаронат бо ту дар макони пок бихӯред, зеро ки инҳо аз забҳҳои саломатии банӣ‐Исроил барои ҳиссаи ту ва ҳиссаи фарзандони ту дода шудааст.


Ҳеҷ каси бегона набояд аз ҳадияи муқаддас бихӯрад; сокини хонаи коҳин ва муздури ӯ набояд аз ҳадияи муқаддас бихӯрад.


Вале духтари коҳин, агар ба марди бегона ба шавҳар рафта бошад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад.


Ва вай аз хонаи ӯ берун равад, ва ба шавҳари дигаре бирасад,


Ва дар он ҷо дар он рӯз шахсе аз навкарони Шоул ба ҳузури Худованд истода буд, ва ӯ Дӯаги адӯмӣ ном дошта, мири рамабонони Шоул буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan