Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 21:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва агар духтари коҳин бо зинокорӣ худро палид созад, вай падари худро палид месозад; бигзор вай дар оташ сӯзонида шавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 21:9
16 Iomraidhean Croise  

Ва баъд аз гузаштани қариб се моҳ ба Яҳудо хабар дода, гуфтанд: «Келинат Томор зино кардааст, ва инак, аз зино низ ҳомила шудааст». Ва Яҳудо гуфт: «Ӯро берун оред, то ки сӯзонида шавад».


Ва шанберо риоя намоед, зеро ки он барои шумо муқаддас аст; палидкунандагони он бигзор кушта шаванд, зеро ҳар кӣ дар он кор кунад, ҷони вай аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.


Гуноҳкорон дар Сион ба ҳарос афтодаанд, риёкоронро ларза гирифтааст: «Кист аз мо, ки тавонад дар оташи сӯзон сокин шавад? Кист аз мо, ки тавонад дар алангаи абадӣ сокин шавад?»


Пирон, ҷавонон ва духтарон, ва кӯдакон ва занонро кушта нобуд кунед, валекин ба ҳар касе ки бар худ аломат дорад, наздик нашавед, ва аз хонаи муқаддаси Ман оғоз намоед». Ва онҳо аз пироне ки пеши хона буданд, оғоз карданд.


Духтари худро беисмат намуда, ба роҳи фаҳш наандоз, то ки замин ба зино дода нашавад, ва замин пур аз фисқу фуҷур нагардад.


Ва касе ки зан ва модари варо бигирад, ин фисқу фуҷур аст; ӯ ва онҳо бояд дар оташ сӯзонида шаванд, то ки фисқу фуҷур дар миёни шумо набошад.


Инак, Ман аз боиси шумо зироатро лаънат хоҳам хонд, ва саргинро, яъне саргини идҳои шуморо бар рӯйҳои шумо хоҳам пошид, ва бо ахлот дур карда хоҳед шуд.


Бигзор духтарро назди дари хонаи падари вай берун оваранд, ва мардуми шаҳри вай варо сангсор кунанд, то ки бимирад, зеро ки вай дар хонаи падараш зино карда, дар Исроил рафтори зиште ба амал овардааст. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.


Агар касе беайб ва соҳиби як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар фисқу фуҷур ё беитоатӣ мазаммат нашудаанд.


Ва ҳар кас, ки ғанимати ҳаром назди вай барояд, бигзор худаш ва ҳар чизе ки дорад, ба оташ сӯзонида шавад, зеро ки вай аҳди Худовандро поймол карда, қабоҳате дар Исроил ба амал овардааст».


Ва Еҳушаъ гуфт: «Чӣ фалокатест, ки ту ба сари мо овардӣ? Худованд имрӯз ба сари ту фалокат хоҳад овард». Ва тамоми Исроил ӯро сангсор карданд, ва онҳоро ба оташ сӯзониданд ва онҳоро сангборон карданд.


Ва гуноҳи он ҷавонон ба ҳузури Худованд бағоят азим буд, зеро ки ин одамон қурбонии Худовандро хор медоштанд.


Ва он чи ба ду писарат, ба Ҳофнӣ ва Финҳос, рӯй медиҳад, аломате барои ту хоҳад буд: ҳар дуи онҳо дар як рӯз хоҳанд мурд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan