Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 21:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Зани зинокор ва беисматро набояд бигиранд, ва зани аз шавҳараш талоқгирифтаро набояд бигиранд, зеро ки коҳин барои Худои худ муқаддас аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 21:7
7 Iomraidhean Croise  

Ва баъд аз гузаштани қариб се моҳ ба Яҳудо хабар дода, гуфтанд: «Келинат Томор зино кардааст, ва инак, аз зино низ ҳомила шудааст». Ва Яҳудо гуфт: «Ӯро берун оред, то ки сӯзонида шавад».


Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.


Ва зани бева ва талоқ додашударо набояд барои худ ба занӣ гиранд, балки бокираеро, ки аз насли хонадони Исроил бошад, ва беваеро, ки беваи коҳин бошад, бигиранд;


Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.


Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan