Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 21:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо қурбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим менамоянд, ва бояд муқаддас бошанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 21:6
20 Iomraidhean Croise  

Ва ба онҳо гуфтам: «Шумо барои Худованд муқаддас мебошед, ва ин зарфҳо низ муқаддас аст, ва ин нуқра ва тилло ионат аст барои Худованд Худои падарони шумо.


Ва низ коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, бояд худро тақдис намоянд, то ки Худованд онҳоро зарба назанад».


Ва лавҳае аз тиллои холис бисоз, ва бар он, мисли ҳакки мӯҳр, чунин ҳак намо: „Муқаддас аст барои Худованд“.


Ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро тақдис хоҳам намуд; ва Ҳорун ва писаронашро тақдис хоҳам намуд, то ки ба Ман каҳонат кунанд.


Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед! Ба чизи нопок нарасед! Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед, эй онҳое ки зарфҳои Худовандро мебардоред!


Вақте ки аҷнабиёни дорои дили номахтун ва ҷисми номахтунро меовардед, то ки дар хонаи муқаддаси Ман истода, хонаи Маро палид созанд, ва шумо ғизои Маро, яъне чарбу ва хунро бо ёрии онҳо қурбонӣ менамудед, ва онҳо, илова бар ҳамаи корҳои зишти шумо, аҳди Маро поймол мекарданд;


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд.


Ва аз насли худ ҳеҷ якеро барои Мӯлик аз оташ нагузарон, ва исми Худои худро беҳурмат нагардон.


Ва ба исми Ман қасами дурӯғ нахӯред, ки исми Худои худро бо ин беҳурмат хоҳед кард. Ман Худованд ҳастам.


Ва Ман хашми Худро ба он кас хоҳам нигаронид ва ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард, зеро ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик додааст, то ки қудси Маро наҷис ва исми қуддуси Маро беҳурмат гардонад.


«Ба Ҳорун сухан ронда, бигӯ: ҳеҷ кас аз зурьёти ту дар наслҳои онҳо, ки маъюбие дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки нони Худои худро тақдим намояд,


Хар касе ки аз насли Ҳоруни коҳин маъюбӣ дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки қурбониҳои оташини Худовандро тақдим намояд; азбаски вай маъюб аст, набояд барои тақдим кардани нони Худои худ наздик ояд.


Аммо бигзор вай назди парда наояд, ва ба қурбонгоҳ наздик нашавад, зеро ки вай маъюб аст, ва қудсҳои Маро палид насозад, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».


Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.


Ва коҳин онро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин аст барои Худованд.


Ва ба Қӯраҳ ва ҳамаи шариконаш сухан ронда, гуфт: «Бомдодон Худованд нишон хоҳад дод, ки кадом кас аз они Ӯст, ва кадом кас муқаддас аст, ва он касро Ӯ ба Худаш наздик хоҳад кард; ва ҳар киро Ӯ интихоб намояд, варо ба Худаш наздик хоҳад кард.


«Ба банӣ‐Исроил амр фармо ва ба онҳо бигӯ: „Қурбонии Маро, яъне нони Маро, ки барои қурбонии оташини Ман аст, ва атри гуворои Ман аст, риоя намуда, дар сари вақташ тақдим кунед“.


Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan