Ва ту, эй писари одам, теги тезе барои худ бигир, покуи сартарошонро барои худ бигир, ва онро бар сари худ ва бар риши худ бирон; ва тарозуе барои худ гирифта, мӯйҳоро тақсим намо.
Ва идҳои шуморо ба мотам, ва ҳамаи сурудҳои шуморо ба навҳа табдил хоҳам дод, ва бар ҳар камар палос, ва бар ҳар сар бемӯӣ хоҳам овард, ва инро мисли мотами фарзанди ягона, ва охирашро мисли рӯзи талх хоҳам гардонид.