Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 21:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Нони Худои худро вай аз он чи қудси қудсҳост, ва аз он чи ҳадияҳои муқаддас аст, метавонад бихӯрад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 21:22
19 Iomraidhean Croise  

Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш Элъозор ва Итомор, ки зинда монда буданд, гуфт: «Ҳадияи ордиеро, ки аз қурбонии оташини Худованд боқӣ мондааст, бигиред, ва онро бе хамиртуруш назди қурбонгоҳ бихӯред, зеро ки ин қудси қудсҳост.


«Чаро ин қурбонии гуноҳро дар макони муқаддас нахӯрдед? Он, охир, қудси қудсҳост, ва онро Ӯ ба шумо додааст, то ки гуноҳи ҷамоатро бардошта, барои онҳо ба ҳузури Худованд кафорат намоед.


Ва барраро дар маконе ки қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунанд, яъне дар макони муқаддас забҳ менамояд; зеро ки ин қурбонии ҷурм мисли қурбонии гуноҳ аз они коҳин аст; ин қудси қудсҳост.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Аммо бигзор вай назди парда наояд, ва ба қурбонгоҳ наздик нашавад, зеро ки вай маъюб аст, ва қудсҳои Маро палид насозад, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».


Ва аз дасти аҷнабиён нони Худои худро аз ҳеҷ кадоми инҳо тақдим нанамоед, зеро ки онҳо нуқсон доранд, яъне маъюбанд; ба воситаи онҳо сазовори таваҷҷӯҳ нахоҳед шуд».


Ва ҳангоме ки офтоб ғуруб кунад, ӯ пок хоҳад шуд, ва баъд аз он ӯ метавонад аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад, зеро ки ин нони ӯст.


Аммо ҳар вақфе ки касе аз ҳар дороии худ барои Худованд вақф мекунад — хоҳ аз одам ва чорпоён бошад, хоҳ қитъае аз мулки вай, — на фурӯхта мешавад ва на фидия дода гирифта мешавад; ҳар вақф қудси қудсҳост барои Худованд.


Ва бигзор коҳин пероҳани катони худро бипӯшад, ва эзори катоне бар бадани худ бипӯшад, ва хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки оташ бар қурбонгоҳ сӯзонидааст, бардорад, ва онро назди қурбонгоҳ бимонад;


Ҳар мардина аз миёни коҳинон метавонад онро бихӯрад; ин қудси қудсҳост.


Ва ин аст қонуни қурбонии ҷурм: ин қудси қудсҳост.


Ҳар мардина аз миёни коҳинон онро метавонад бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас хӯрда шавад. Ин қудси қудсҳост.


Ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳое ки банӣ‐Исроил ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту, ва ба писарону духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ медиҳам; ин ба ҳузури Худованд барои ту, ва барои насли ту бо ту, аҳди намак то абад хоҳад буд».


Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехӯранд? Ва ходимони қурбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan