Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 21:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва набояд насли худро дар қавми худ палид созад, зеро Ман Худованде ҳастам, ки ӯро тақдис менамоям».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 21:15
16 Iomraidhean Croise  

Зеро ки шавҳари беимон ба воситаи завҷаи имондораш қудсият пайдо мекунад, ва завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсият пайдо мекунад; вагар на фарзандони шумо нопок мебуданд, ва ҳол он ки дар асл онҳо муқаддас ҳастанд.


Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.


Ва оё онҳоро Худои Ягона, ки ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳ ба Ӯ тааллуқ дорад, наофаридааст? Ва Он Ягона чиро хоҳон аст? Насли Худоро хоҳон аст. Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавонин худ хиёнат накунад.


Яҳудо хиёнат кардааст, ва дар Исроил ва Ерусалим қабоҳат ба амал омадааст, зеро ки Яҳудо қудси Худовандро, ки Ӯ дӯст медошт, беҳурмат сохта, духтари худои бегонаро ба никоҳи худ даровардааст.


Чунки аз духтарони онҳо барои худашон ва барои писаронашон зан гирифта, зурьёти муқаддасро бо қавмҳои кишварҳо омехтанд, ва сарварону мансабдорон дар ин бадкирдорӣ пешдастӣ мекарданд».


Инҳо насабномаи худро ҷустуҷӯ намуда, наёфта буданд, — ва аз каҳонат хориҷ карда шуданд.


Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.


Зеро ӯро барои он шинохтаам, ки фарзандони худро, ва аҳли байти худро баъд аз худ амр хоҳад фармуд, ки роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд, то ки Худованд он чи дар ҳаққи Иброҳим гуфтааст, ба вай бирасонад».


Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: тилло ё маъбад, ки тиллоро тақдис мекунад?


Бева, талоқгирифта, палидшуда ва фоҳишаро ӯ набояд бигирад, балки бояд бокирае аз миёни қавми худ ба занӣ бигирад.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва аз духтарони онҳо барои писарони худ мегирӣ, ва духтарони онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, писарони туро фосид мегардонанд, то ки худоёни онҳоро пайравӣ кунанд.


«Ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд Худои шумо, қуддус ҳастам.


Ва шумо худро тақдис намуда, одамони муқаддас бошед, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ва бо хӯрдани ҳадияҳои муқаддаси онҳо боиси гуноҳ ва ҷазои онҳо нашаванд, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan