Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 21:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва коҳине ки аз бародарони худ бузург аст, яъне бар сараш равғани тадҳин рехта шудааст, ва барои пӯшидани либосҳо баргумошта шудааст, — бигзор сари худро накшояд, ва либосҳои худро чок назанад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 21:10
18 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб либоси худро чок зада, палос дар бар кард, ва рӯзҳои бисьёр барои писари худ мотам гирифт.


Ва Довуд ба кӯҳи Зайтун баромад, ва ҳангоми баромаданаш мегирист, ва сараш пӯшида буд, ва ӯ пойлуч роҳ мерафт; ва тамоми қавме ки ҳамроҳи ӯ буданд, ҳар яке сари худро пӯшонида, гирьякунон мерафтанд.


Ва Мордахай ба дарвозаи подшоҳ баргашт, вале Ҳомон мотамзада ва рӯсиёҳ сӯи хонаи худ шитофт.


Он гоҳ Айюб бархоста, ҷомаи худро чок зад, ва мӯйсари худро гирифт, ва бар замин афтода, саҷда бурд.


Дастҳои худро сӯи қудс боло кунед, ва Худовандро муборак бихонед.


Ва равғани тадҳинро гирифта, бар сараш бирез, ва ӯро тадҳин намо.


Хомӯшона оҳ каш, барои мурдагон мотам нагир: аммомаи худро бар сарат бипечон, пойафзоли худро ба пойҳоят бипӯш, ва ришу мӯйлабатро напӯшон, ва нони азодоронро нахӯр».


Ва махавие ки гирифтори ин захм аст, либосҳояш бояд чок карда шавад, ва сараш шонаро набинад, ва он то мӯйлабаш пӯшонида шавад, ва вай фарьёд занад: „Наҷис! Наҷис!“


Ва кафоратро бояд коҳине ба амал оварад, ки ӯро тадҳин намуда, баргумошта бошанд, то ки ба ҷои падараш каҳонат намояд; ва ӯ либосҳои катон, яъне либосҳои муқаддас дар бар мекунад,


Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.


Ва аз равғани тадҳин бар сари Ҳорун рехта, ӯро тадҳин намуд, то ки ӯро тақдис кунад.


Ва ҷамоат бояд қотилро аз дасти хунхоҳ халос кунанд, ва ҷамоат бояд варо ба шаҳри гурезгоҳи вай, ки ба он ҷо гурехта буд, баргардонанд, то ки вай дар он ҷо то вақти вафот ёфтани саркоҳине ки бо равғани муқаддас тадҳин карда шудааст, сокин бошад.


Барои падараш ва модараш, бародараш ва хоҳараш, — ҳатто барои онҳо низ, вақте ки бимиранд, вай набояд наҷис шавад, зеро ки аломати назирии Худои вай бар сари вай аст.


Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро шунидед!


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan