Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 20:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ҳар кӣ падари худ ё модари худро ҳақорат кунад, бояд ҳатман кушта шавад: модоме ки вай падари худ ё модари худро ҳақорат кардааст, хунаш бар гарданаш хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 20:9
17 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд ба вай гуфт: «Хунат бар гарданат, зеро ки даҳонат ба муқобили ту шаҳодат дода, гуфт, ки „ман масеҳи Худовандро куштам“».


Ва бигзор Худованд хуни ӯро бар сари худи ӯ баргардонад, барои он ки ӯ ба ду шахсе ки аз ӯ одилтар ва некӯтар буданд, зарба расонида, онҳоро бо шамшер кушт, ва падарам Довуд аз ин бехабар буд, яъне: Абнир ибни Нирро, ки сарлашкари Исроил буд, ва Амосо ибни Ётарро, ки сарлашкари Яҳудо буд;


Ва ҳар кӣ падар ё модари худро таҳқир намояд, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.


Касе ки падару модари худро дашном диҳад, чароғаш дар торикии зулмот хомӯш мешавад.


Насле ҳастанд, ки падари худро лаънат мекунанд ва модари худро табрик намегӯянд.


Чашме ки падарро тамасхур мекунад ва аз итоати модар нафрат дорад, зоғони водӣ онро нӯл зада мекананд, ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд.


Пулашро ба фоида диҳад ва суд гирад, оё вай зинда хоҳад монд? Вай зинда нахоҳад монд! Модоме ки вай ҳамаи ин корҳои зиштро ба ҷо овардааст, албатта хоҳад мурд, хунаш бар гарданаш хоҳад буд.


Падар ва модарро андаруни ту хорӣ медоданд, ғарибро андаруни ту ба танг меоварданд, ятим ва беваро андаруни ту ба ранҷу озор дучор мекарданд.


Ва зане ки ба ягон чорпо наздик шавад, то ки он бо вай ҷимоъ кунад, — он зан ва он чорпоро бикуш; бигзор онҳо кушта шаванд, хунашон бар гардани онҳост.


Ва мард ё зане ки ҷодугар ё азоимхон бошанд, бигзор кушта шаванд: онҳо бояд сангсор карда шаванд, — хунашон бар гардани онҳост».


Зеро ки Худо хукм кардааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.


Тамоми қавм дар ҷавоб гуфтанд: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад».


Зеро Мусо гуфтааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.


„Малъун бод касе ки падару модари худро хорӣ диҳад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“


Ва ҳар касе ки аз дари хонаи ту берун равад, хунаш ба гарданаш хоҳад буд, ва мо фориғ хоҳем буд; ва ҳар касе ки бо ту дар хона бошад, агар дасти тааддӣ ба вай бирасад, хуни вай ба гардани мо хоҳад буд;


То интиқоми ситаме ки дар ҳаққи ҳафтод писари Ерубаал ба амал омад, гирифта шавад, ва хуни онҳо бар гардани бародарашон Абималик, ки онҳоро кушт, ва бар гардани сокинони Шакем афтад, ки онҳо дастҳои ӯро дар куштани бародаронаш тақвият доданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan