Фароизи Маро риоят кунед; чорпои худро бо ҷинси ғайр ҷуфтӣ нанамо; киштзори худро бо ду навъ тухмӣ кишт накун; ва либоси иборат аз ду навъ матоъ, яъне аз пашм ва катон, напӯш.
Пас, ҳар кӣ яке аз ин аҳкоми хурдтаринро вайрон кунад ва ба мардум чунин таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон хурдтарин шумурда хоҳад шуд; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон бузург хонда хоҳад шуд.