7 Ва шумо худро тақдис намуда, одамони муқаддас бошед, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
Зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва шумо тақдис ёфта, муқаддас хоҳед буд, чунки Ман қуддус ҳастам; ва нафси худро бо ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, наҷис насозед.
Зеро ки Ман Худованде ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам; пас, шумо муқаддас бошед, зеро ки Ман қуддус ҳастам».
«Ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд Худои шумо, қуддус ҳастам.
Ва набояд насли худро дар қавми худ палид созад, зеро Ман Худованде ҳастам, ки ӯро тақдис менамоям».
Аммо бигзор вай назди парда наояд, ва ба қурбонгоҳ наздик нашавад, зеро ки вай маъюб аст, ва қудсҳои Маро палид насозад, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».
Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.
Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем.
Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед,
Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед;
Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ, балки ба кудсият даъват кардааст.
Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид,
Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо наметавонед Худовандро ибодат намоед, зеро ки Ӯ Худои қуддус аст, ва Ӯ Худои ғаюр аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо тоқат нахоҳад кард.
Ва Ехушаъ ба қавм гуфт: «Худро тақдис намоед, зеро ки фардо Худованд дар миёни шумо корҳои аҷоиб хоҳад кард».