Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 20:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Дар он сурат Ман хашми Худро ба он кас ва ба оилаи ӯ хоҳам нигаронид, ва ӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки аз паи ӯ зино карда, ба Мӯлик зинокорона пайравӣ намудаанд, аз миёни қавми онҳо маҳв хоҳам сохт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 20:5
13 Iomraidhean Croise  

Ҳамчунин ӯ баландиҳо дар кӯҳҳои Яҳудо барпо намуд, ва сокинони Ерусалимро зинокор гардонид, ва аҳли Яҳудоро ба васваса андохт.


Вале камшумор мешаванд ва аз фишори бадӣ ва ғаму ғусса ба залолат меафтанд.


Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам;


Чашмони худро ба теппаҳо баланд кун ва бубин, ки дар куҷо бо ту хуфту хоб накардаанд? Ба сари роҳҳо дар ихтиёри онҳо, мисли араб дар биёбон, нишастӣ, ва заминро бо зинои худ ва бо шарорати худ палид кардӣ.


Ва Ман ба онҳо як дил ва як роҳ хоҳам дод, то ки ба манфиати худашон ва фарзандонашон, ки баъд аз онҳо хоҳанд буд, ҳамеша аз Ман битарсанд.


Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман рӯи Худро ба муқобили шумо барои ҳалокат мегардонам, то ки тамоми Яҳудоро талаф намоям;


Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод, ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид, ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ ва бо гарданбандҳо оро медод, ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд.


Зеро ки модари онҳо саргарми зино шудааст, онҳоро ҳомила гардида, худро расво кардааст, чунки гуфтааст: „Аз паи хушдоронам, ки нон ва об, пашм ва катон, равған ва машрубот ба ман медиҳанд, хоҳам рафт“.


Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,


Ва минбаъд онҳо забҳҳои худро барои девҳое ки пайравӣ менамоянд, набояд забҳ кунанд. Ин барои онҳо дар наслҳошон фаризаи абадӣ хоҳад буд.


Ва агар қавми замин чашмони худро аз он кас бипӯшонанд, вақте ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик медиҳад, ва ӯро накушанд, —


Ва касе ки ба ҷодурагон ва азоимхонон рӯ меоварад, то ки ба онҳо зинокорона пайравӣ намояд, — Ман хашми Худро ба он кас нигаронида, ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan