3 Ва Ман хашми Худро ба он кас хоҳам нигаронид ва ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард, зеро ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик додааст, то ки қудси Маро наҷис ва исми қуддуси Маро беҳурмат гардонад.
Ҳар кӣ мисли он таркиб диҳад, ва ё аз он бар шахси бегонае бимолад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд“».
Валекин шумо, эй хонадони Исроил, — Худованд Худо чунин мегӯяд, — дар сурате ки ба Ман гӯш намедиҳед, пас ҳар кадоматон назди бутҳои худ рафта, онҳоро ибодат намоед, вале баъд аз ин исми муқаддаси Маро дигар бо ҳадияҳо ва бутҳои худ палид насозед,
Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, азбаски ту хонаи муқаддаси Маро бо тамоми қабоҳати худ ва бо тамоми аъмоли зишти худ палид кардаӣ, Ман низ эътино нахоҳам кард, ва чашмам риққат нахоҳад овард, Ман низ раҳм нахоҳам кард.
Пас, банӣ‐Исроилро аз нопокии онҳо эҳтиёт кунед, то ки маскани Маро, ки дар миёни онхост, палид гардонида, дар нопокии худ намиранд».
Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,
Ва аз насли худ ҳеҷ якеро барои Мӯлик аз оташ нагузарон, ва исми Худои худро беҳурмат нагардон.
Ва ба исми Ман қасами дурӯғ нахӯред, ки исми Худои худро бо ин беҳурмат хоҳед кард. Ман Худованд ҳастам.
Ва агар қавми замин чашмони худро аз он кас бипӯшонанд, вақте ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик медиҳад, ва ӯро накушанд, —
Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо қурбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим менамоянд, ва бояд муқаддас бошанд.
Вале агар касе аз гӯшти забҳи саломатӣ, ки барои Худованд аст, бихӯрад, дар ҳолате ки наҷосати ӯ бар ӯ бошад, он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
Ва агар касе ба ҳар чизи наҷис, хоҳ ба наҷосати одамизод, хоҳ ба чорпои наҷис, хоҳ ба ҳар чизи зишти наҷис бирасад, ва аз гӯшти забҳи саломатӣ, ки барои Худованд аст, бихӯрад, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».
Ҳар касе ки ба мурдае, ба ҷасади одаме ки мурдааст, расида, худро пок нагардонида бошад, маскани Худовандро палид месозад, ва он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд; зеро ки оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст, яъне нопокии вай ҳанӯз бар вай боқист.
Вале агар касе наҷис шуда, худро пок нагардонад, он кас аз миёни ҷамоат маҳв хоҳад шуд, зеро ки вай қудси Худовандро палид кардааст: оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, вай наҷис аст.
Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.
Чунки чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ — сӯи дуои онҳо, аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст.