Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 20:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Инро низ ба банӣ‐Исроил бигӯ: ҳар кӣ аз банӣ‐Исроил ва аз ғарибоне ки дар Исроил маскан гирифтаанд, аз насли худ ба Мӯлик бидиҳад, бигзор кушта шавад: бигзор қавми замин варо сангсор кунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 20:2
33 Iomraidhean Croise  

Он гоҳ Сулаймон бар кӯҳе ки рӯ ба рӯи Ерусалим аст, ибодатгоҳе барои Камуш, бути зишти Мӯоб, ва барои Мӯлик, бути зишти банӣ‐Аммӯн, бино кард.


Ва писарону духтарони худро аз оташ гузарониданд, ва ҷоду карданд ва фол кушоданд, ва ба он дода шуданд, ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал оварда, Ӯро хашмгин кунанд;


Ва ӯ Тӯфетро, ки дар дараи Бен‐Ҳиннӯм буд, палид гардонид, то ки касе писар ё духтари худро аз оташи Мӯлик нагузаронад.


Ва ӯ дар дараи Бен‐Ҳиннӯм бухур сӯзонид, ва писарони худро аз оташ гузаронид, мувофиқи одатҳои зишти халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд;


Ва ӯ писаронашро дар дараи Бен‐Ҳиннӯм аз оташ гузаронид; ва афсун намуда фол мекушод ва ҷоду мекард, ва бо ҷодугарон ва азоимхонон робита дошт; бисьёр чизҳоро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал меовард, то ки Ӯро ба хашм оварад.


Ва онҳоро баракат медиҳад, ва онҳо бағоят борвар мешаванд; ва чорпои онҳоро кам намекунад.


Ва минбарҳои Баалро дар водии Бен‐Ҳиннӯм бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро барои Мӯлик аз оташ гузаронанд, ки инро Ман нафармудаам ва ин ба хаёлам наомадааст, ки чунин кори зиште карда, Яҳудоро гумроҳ созанд.


Ва минбарҳои Тӯфетро, ки дар водии Бен‐Ҳиннӯм воқеъ аст, бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва ин ба хаёлам наомадааст.


Ва онҳоро вогузоштам, ки ба воситаи ҳадияҳои худашон, яъне ба воситаи аз оташ гузаронидани ҳар раҳимкушо, палид шаванд, то ки онҳоро хонавайрон созам, ва онҳо бидонанд, ки Ман Худованд хастам“.


Ва ба воситаи овардани ҳадияҳои худ ва аз оташ гузаронидани писарони худ шумо худро бо ҳамаи бутҳои худ то имрӯз палид месозед, оё Ман шуморо, эй хонадони Исроил, иҷобат намоям? Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, шуморо иҷобат нахоҳам намуд.


Зеро ки онҳо зино карданд, ва дастҳошон хунолуд аст, ва бо бутҳои худ зино карданд, ва писарони худро низ, ки барои Ман зоида буданд, ба сифати хӯроки бутҳо аз оташ гузарониданд.


Ва ҳангоме ки писарони худро барои бутҳои худ забҳ карданд, дар ҳамон рӯз ба хонаи муқаддаси Ман омаданд, то ки онро палид созанд; ва инак андаруни хонаи Ман онҳо чунин амал карданд!


Ва ҳар кас аз банӣ‐Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ҷонваре ё парандаеро, ки хӯрда мешавад, сайд кунад, бояд хуни онро бирезад ва бо хок бипӯшонад.


Ва ҳар кас, хоҳ тубҷоӣ бошад хоҳ ғариб, агар лоша ё даридашударо бихӯрад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис буда, баъд аз он пок хоҳад шуд.


Ва ба онҳо бигӯ: ҳар касе ки аз хонадони Исроил, ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, қурбонии сӯхтанӣ ё забҳе тақдим намояд,


Ва аз насли худ ҳеҷ якеро барои Мӯлик аз оташ нагузарон, ва исми Худои худро беҳурмат нагардон.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва мард ё зане ки ҷодугар ё азоимхон бошанд, бигзор кушта шаванд: онҳо бояд сангсор карда шаванд, — хунашон бар гардани онҳост».


«Он лаънаткунандаро аз ӯрдугоҳ барор, ва бигзор ҳамаи онҳое ки шунидаанд, дастҳои худро бар сари ӯ монанд, ва тамоми ҷамоат ӯро сангсор кунанд.


Ва ҳар кӣ исми Худовандро лаънат кунад, бояд кушта шавад: тамоми ҷамоат сангсор кунанд; хоҳ ғариб бошад хоҳ тубҷоӣ, агар Исмро лаънат кунад, бигзор кушта шавад.


Ва Мусо ба банӣ‐Исроил сухан ронд, ва онҳо лаънаткунандаро ба беруни ӯрдугоҳ бароварданд, ва ӯро сангсор карданд; ва банӣ‐Исроил ончунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.


Хаймаи Малук ва кавкаби ҳудои ҳуд Римфонро бардошта мегаштед, ки ин санамҳоро барои парастиш сохта будед; пас, шуморо ба он тарафи Бобил бадарға хоҳам кард“.


Бо Худованд Худои худ чунин амал накун! Зеро ки ҳар он чи дар назари Худованд зишт аст, ва аз он Ӯ нафрат дорад, онҳо бо худоёни худ мекарданд; онҳо ҳатто писарон ва духтарони худро барои худоёни худ дар оташ месӯзониданд.


Агар дар миёни ту, дар яке аз шаҳрҳои ту, ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, марде ё зане пайдо шавад, ки дар назари Худованд Худои ту кори баде карда, аҳди Ӯро поймол намояд,


Бигзор дар миёни ту на касе ёфт шавад, ки писараш ё духтарашро аз оташ мегузаронда бошад, на ҷодугаре, на чашмбанде, на фолбине, на афсунгаре, —


Ва бигзор варо тамоми мардуми шаҳраш сангсор кунанд, то ки бимирад, — ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод; ва тамоми Исроил инро шунида, ҳаросон хоҳанд шуд.


Бигзор духтарро назди дари хонаи падари вай берун оваранд, ва мардуми шаҳри вай варо сангсор кунанд, то ки бимирад, зеро ки вай дар хонаи падараш зино карда, дар Исроил рафтори зиште ба амал овардааст. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan