Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 20:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва зане ки ба ягон чорпо наздик шавад, то ки он бо вай ҷимоъ кунад, — он зан ва он чорпоро бикуш; бигзор онҳо кушта шаванд, хунашон бар гардани онҳост.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 20:16
8 Iomraidhean Croise  

Бигзор дасте ба вай расонида нашавад, балки вай ё сангсор карда шавад, ё ки тир зада кушта шавад; хоҳ чорпо бошад хоҳ одам, — набояд зинда монад“. Дар баробари навохтани карнай онҳо метавонанд бар кӯҳ бароянд».


Ва агар гове мард ё занро шох занад, ва ӯ бимирад, — он говро бояд сангсор кунанд ва гӯшташро нахӯранд; вале соҳиби гов айбдор нест.


Агар гов ғуломе ё канизеро шох занад, — сӣ сиқл нуқра ба оғои ӯ бояд дода шавад, ва гов сангсор карда шавад.


Ҳар кӣ бо ҳайвоне алоқаи ҷинси кунад, — бояд албатта кушта шавад.


Ва бо ҳеҷ чорпо нахусп, то ки бо он наҷис гардӣ; ва зане набояд пеши чорпое биистад, то ки бо он ҷимоъ кунад; ин қабоҳат аст.


Ва касе ки бо чорпое ҷимоъ кунад, — бигзор вай кушта шавад; он чорпоро низ бикушед.


Ва касе ки хоҳари худро, яъне духтари падараш ё духтари модарашро бигирад, ва аврати варо бубинад, вай низ аврати ӯро бубинад, — ин расвоист; бигзор онҳо дар пеши назари фарзандони қавми худ маҳв карда шаванд; ӯ аврати хоҳарашро ошкор кардааст, — барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.


Зеро ба он тоб оварда натавонистанд, ки амр фармуда шуда буд: «Агар ҳайвоне низ ба кӯҳ бирасад, сангсор ё тирборон хоҳад шуд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan