12 Ва касе ки бо келини худ бихобад, — бигзор ҳар дуяшон кушта шаванд; кори зиште кардаанд, хунашон бар гардани онҳост.
Ва аз роҳ ба тарафи ӯ гашта, гуфт: «Биё, бо ту бихобам». Зеро надонист, ки келини ӯст. Гуфт: «Ба ман чӣ медиҳӣ, агар бо ман бихобӣ?»
Гуфт: «Ба ту чӣ гарав диҳам?» Гуфт: «Мӯҳр ва зуннори худро, ва асое ки дар даст дорӣ». Ва ба ӯ дод, ва бо ӯ хобид; ва ӯ аз вай ҳомила шуд.
Агар дуздеро шабона дар вақти рахна карданаш дида, тавре занандаш, ки вай бимирад, — барои вай гуноҳи хунрезӣ нахоҳад буд.
Аврати келинатро ошкор накун; вай зани писари туст, аврати варо ошкор накун.
Ва бо ҳеҷ чорпо нахусп, то ки бо он наҷис гардӣ; ва зане набояд пеши чорпое биистад, то ки бо он ҷимоъ кунад; ин қабоҳат аст.
„Малъун бод касе ки бо модарарӯси худ бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“