10 Ва касе ки бо зани шавҳардор зино кунад, яъне касе ки бо зани ёри худ зино кунад, — бигзор он марди зинокор ва он зани зинокор кушта шаванд.
Ва ин зан ҳомила шуд, ва ба Довуд фиристода, хабар дод ва гуфт: «Ман ҳомила ҳастам».
Ва Довуд ба Нотон гуфт: «Ман пеши Худованд гуноҳ кардаам». Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Худованд низ аз гуноҳат гузароӣ кардааст; ту нахоҳӣ мурд.
Чунки ин фисқу фуҷур аст, ва гуноҳи мансуб ба дорулқазост,
Агар дили ман ба зане фирефта шуда бошад, ва назди дари ёри худ камин гирифта бошам, —
Зино накун.
Ва бо зани ёри худ ҷимоъ накун, то ки нутфа рехта, бо вай наҷис гардӣ.
Ва оё онҳоро Худои Ягона, ки ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳ ба Ӯ тааллуқ дорад, наофаридааст? Ва Он Ягона чиро хоҳон аст? Насли Худоро хоҳон аст. Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавонин худ хиёнат накунад.
Ва марде бо вай хобида, нутфа резад, ва ин аз чашми шавҳараш пинҳон монад, ва вай ниҳонӣ наҷис гардад, ва шоҳиде ба зидди вай набошад, ва вай дастгир нашавад,