1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Ва ҳар кӣ мувофиқи шариати Худои ту ва мувофиқи қонуни подшоҳ рафтор накунад, бигзор фавран бар вай доварӣ намуда хукм кунанд: ё ба қатл, ё ба бадарға, ё ба мусодираи молу мулк ва ё ба ҳабс».
Ва минбарҳои Тӯфетро, ки дар водии Бен‐Ҳиннӯм воқеъ аст, бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва ин ба хаёлам наомадааст.
Ки писарони Маро кушта, ба онҳо додӣ, ба тавре ки барояшон онҳоро аз оташ гузарондӣ.
Пас, тамоми фароизи Маро ва ҳамаи дастурҳои Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред. Ман Худованд ҳастам».
«Инро низ ба банӣ‐Исроил бигӯ: ҳар кӣ аз банӣ‐Исроил ва аз ғарибоне ки дар Исроил маскан гирифтаанд, аз насли худ ба Мӯлик бидиҳад, бигзор кушта шавад: бигзор қавми замин варо сангсор кунанд.
Оё Худованд аз ҳазорҳо қӯчқор ва аз беварҳо наҳри равған розӣ хоҳад шуд? Оё писари нахустзодаи худро барои ҷиноятам, ва самари батни худро барои гуноҳи ҷонам бидиҳам?»
Агар аз Худованд тарсида, Ӯро ибодат намоед ва овозашро бишнавед, ва ба фармони Худованд зиддият нишон надиҳед, он гоҳ ҳам худатон ва ҳам подшоҳатон, ки бар шумо подшоҳӣ мекунад, дар паноҳи Худованд Худои худ хоҳед буд.