Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва онро ӯ ба писарони Ҳорун, коҳинон, мебиёрад, ва коҳин аз он, яъне аз орди маҳинаш, ва равғанаш, бо тамоми лебӯнояш, як мушти пур мегирад, ва онро ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 2:2
17 Iomraidhean Croise  

Маро, эй Худои ман, барои ин ба ёд овар, ва аъмоли неки маро, ки барои хонаи Худои худ ва барои хизматгузорони он кардаам, маҳв насоз!


Ва ба левизодагон амр фармудам, ки таҳорат карда, барои нигаҳбонии дарвозаҳо биёянд, то ки рӯзи шанберо тақдис намоянд. Инро низ, эй Худои ман, барои ман ба ёд овар ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ бар ман шафқат намо!


Ва нуқраи кафоратро аз банӣ‐Исроил бигир, ва онро барои хизмати хаймаи чомеъ бидеҳ; ва ин барои банӣ‐Исроил ёдгорӣ ба ҳузури Худованд, барои кафорати ҷонҳои шумо хоҳад буд».


Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст; касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест, ки гардани сагро шикаста бошад; касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест, ки хуни хукро оварда бошад; касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест, ки пеши буте дуо гуфта бошад; чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд, ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,


Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва онро аз миёни болҳояш чок мекунад, вале аз ҳам ҷудо намекунад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва ӯ амъои он ва почаҳои онро бо об мешӯяд, ва коҳин ҳар он чиро, ки бар қурбонгоҳ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва коҳин ҳиссаи ёдгории онро аз ярмаи он ва аз равғани он, бо тамоми лебӯнои он месӯзонад, — ин қурбонии оташин барои Худованд аст.


Ва коҳин аз ҳадияи ордӣ ҳиссаи ёдгории онро бардошта, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва бар ҳар қатор лебӯнои соф бимон, ва ин ёдгорӣ барои нон ва қурбонии оташин барои Худованд хоҳад буд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва агар ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии худ барои гуноҳе ки кардааст, ба қадри даҳьяки эфа орди маҳин барои қурбонии гуноҳ биёрад; бигзор равған бар он нарезад, ва лебӯно бар он намонад, зеро ки ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва онро назди коҳин мебиёрад; ва коҳин як мушт аз он ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ мегирад, ва бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташини Худованд месӯзонад. Ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва бигзор коҳин аз он як мушт аз орди маҳини ҳадияи ордӣ ва аз равғанаш бо тамоми лебӯное ки бар ҳадияи ордӣ мебошад, бардорад, ва бар қурбонгоҳ бисӯзонад; ин атри гуворост барои ёдгорӣ ба ҳузури Худованд.


Ва коҳин занро ба хузури Худованд меистонад, ва мӯи сари занро воз мекунад, ва ҳадияи ёдгориро, ки ҳадияи рашк аст, бар кафҳои дасти вай мегузорад; ва дар дасти коҳин оби талхи лаънатовар хоҳад буд.


Ва коҳин аз ин ҳадия ҳиссаи ёдгории онро бо мушташ гирифта, бар қурбонгоҳ месӯзонад, ва сонӣ он обро ба зан менӯшонад.


Ӯ бар вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Худовандо, чӣ мефармоӣ?» Ба ҷавоби ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan