Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 2:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Ва ҳангоме ки ҳадияи ордии навбарҳоро барои Худованд тақдим менамоӣ, — аз хӯшаҳои бар оташ бирьён кардашуда, аз ярмаи кӯфташуда ҳадияи ордии навбарҳои худро тақдим намо.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 2:14
16 Iomraidhean Croise  

Баъд аз мурури айём, Қобил аз маҳсули замин ҳадияе барои Худованд овард.


Ва шахсе аз Баал‐Шолишо омада, барои марди Худо нони навбар: бист қурс нони ҷав ва донаҳои тару тозаи ҷав дар лингчаи худ овард. Ва ӯ гуфт: «Ба мардум бидеҳ, то ки бихӯранд».


Ва равған бар он бирез, ва лебӯно бар он бимон, — ин ҳадияи ордист.


Ва коҳин ҳиссаи ёдгории онро аз ярмаи он ва аз равғани он, бо тамоми лебӯнои он месӯзонад, — ин қурбонии оташин барои Худованд аст.


Ва ҳангоме ки забҳи шукрона барои Худованд тақдим менамоед, онро тавре тақдим намоед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед:


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.


Ва ҳадияи ордии он ду ушр орди маҳини омехта бо равған хоҳад буд, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад; ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин шароб хоҳад буд.


Ва коҳин онҳоро бо нони ҷунбонидании навбарҳо ба ҳузури Худованд бо якҷоягии он ду барра бояд биҷунбонад, — онҳо барои Худованд муқаддас буда, ба коҳин тааллуқ хоҳанд дошт.


Зеро ки аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, ва дар ҳар ҷо ба исми Ман бухур ва ҳадияи поке оварда мешавад, зеро ки исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


«Ба банӣ‐Исроил амр фармо ва ба онҳо бигӯ: „Қурбонии Маро, яъне нони Маро, ки барои қурбонии оташини Ман аст, ва атри гуворои Ман аст, риоя намуда, дар сари вақташ тақдим кунед“.


Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуда, навбари мурдагон гардид.


Он гоҳ аз навбарҳои ҳар маҳсули замин, ки аз замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, ғундошта бошӣ, гирифта, дар сабаде бимон, ва ба маконе ки Худованд Худоят баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, бирав.


Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan