Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 2:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва агар касе бихоҳад қурбонии ҳадияи ордиро барои Худованд тақдим намояд, — бигзор орди маҳин қурбонии ӯ бошад, ва равған бар он бирезад, ва лебӯно бар он бимонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 2:1
31 Iomraidhean Croise  

Ва нони фатир, ва қурсҳои фатири бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки ба равған молидашуда; онҳоро аз орди нарми гандум бипаз.


Барраҳои қурбонии сӯхтании худро барои Ман наовардӣ, ва бо забҳҳои худ Маро ҷалол надодӣ. Ман туро бо ҳадияҳо ба заҳмат наандохтам, ва бо лебӯно ба ту гаронӣ накардам.


Ва ҳамаи бародарони шуморо аз ҷониби ҳамаи халқҳо бар аспон ва аробаҳо ва тахтҳои равон, ва бар хачирон ва шутурони бидав ба кӯҳи муқаддаси Ман — Ерусалим — барои Худованд ҳадия хоҳанд овард, — мегӯяд Худованд, — мисли он ки банӣ‐Исроил ҳадияро ба хонаи Худованд дар зарфи пок меоваранд.


Ва ба ман гуфт: «Ин маконест, ки коҳинон дар он ҷо қурбонии ҷурм ва қурбонии гуноҳро меҷӯшонанд, ва ҳадияи ордиро мепазанд, бе он ки онро ба саҳни берунӣ бароварда, қавмро тақдис намоянд».


Ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ аз хонаи Худованд барҳам хӯрдааст; коҳинони хизматгузори Худованд мотам гирифтаанд.


Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад, ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад, яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ барои Худованд Худои шумо.


Ва дар рӯзи ҳаштум ду барраи беайб, ва як меши яксолаи беайб, ва се ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ, ва як лӯҷ равған мегирад.


Ва бар ҳар қатор лебӯнои соф бимон, ва ин ёдгорӣ барои нон ва қурбонии оташин барои Худованд хоҳад буд.


Ва агар ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии худ барои гуноҳе ки кардааст, ба қадри даҳьяки эфа орди маҳин барои қурбонии гуноҳ биёрад; бигзор равған бар он нарезад, ва лебӯно бар он намонад, зеро ки ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва коҳин гуноҳи ӯро ба ҳузури Худованд кафорат менамояд, ва ӯ дар ҳар коре ки карда муҷрим гардидааст, омурзида хоҳад шуд».


Ва ҳадияи ордиро наздик овард, ва мушташро аз он пур карда, илова ба қурбонии сӯхтании субҳ бар қурбонгоҳ сӯзонид.


Ва барзагов ва қӯчқоре барои забҳҳои саломатӣ, то ки ба ҳузури Худованд забҳ карда шавад, ва ҳадияи ордии бо равған омехташуда; зеро ки имрӯз Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд“».


Зеро ки аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, ва дар ҳар ҷо ба исми Ман бухур ва ҳадияи поке оварда мешавад, зеро ки исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Аз вақфҳои муқаддасе ки аз оташ боқӣ мемонад, инҳо аз они ту хоҳад буд: ҳар қурбонии онҳо, яъне ҳар ҳадияи ордии онҳо ва ҳар қурбонии гуноҳи онҳо ва ҳар қурбонии ҷурми онҳо, ки ба Ман тақдим мекунанд; инҳо барои ту ва писаронат чизи муқаддастарин аст.


Ва барои ҳадияи ордӣ — ба андозаи як ушри эфа орди маҳине ки бо чорьяк ҳин равғани зайтуни кӯфта омехта шуда бошад.


Ва ҳадияҳои ордии онҳо ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,


Ва қурбонии ӯ иборат аз инҳо буд: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;


Вай қурбонии худро тақдим намуд, ки иборат аз инҳо буд: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;


Ва наргови ҷавонеро бо ҳадияи ордии он, ки орди маҳини омехта бо равған бошад, бигиранд, ва ту наргови ҷавони дуюмро барои қурбонии гуноҳ бигир.


Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.


Валекин шумо аз ҷониби Қуддус тадҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо ростиро медонед.


Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед.


Валекин шумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта,


Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan