9 Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро то ба охир дарав накунед, ва хӯшаҳои аз бандҳо афтодаро начинед.
Ва токзори худро доначинӣ накун, ва шингилҳои афтодаи токҳоятро начин: онҳоро барои бенаво ва ғариб бимон. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
Ва ҳар кӣ онро бихӯрад, барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт, зеро ки чизи муқаддаси Худовандро беҳурмат кардааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.
Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро дар вақти дарав то ба охир дарав накунед, ва хӯшаҳои дар вақти дарав афтодаро начинед: онҳоро барои бенавоён ва ғарибон боқӣ бигузоред. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».
Зеро ҳар касе ки дар ин рӯз ҷони худро азият намедиҳад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
Ва барои хӯша чидан бархост. Ва Бӯаз ба навкарони худ амр фармуда, гуфт: «Бигзор вай дар миёни бандҳо низ бичинад, ва осебе ба вай нарасонед;
Ва Рути мӯобия ба Ноомӣ гуфт: «Мехоҳам ба киштзор равам ва аз қафои касе ки дар назараш илтифот ёбам, хӯшачинӣ кунам». Ба вай гуфт: «Бирав, духтарам».
Ва Бӯаз ба Рут гуфт: «Бишнав, духтарам, барои хӯша чидан ба киштзори дигар нагузар ва аз ин ҷо низ нарав, балки ҳамроҳи канизони ман дар ин ҷо бош.