Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 19:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ҳар яке аз модари худ ва аз падари худ тарсон бошед, ва шанбеҳои Маро риоя намоед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 19:3
31 Iomraidhean Croise  

Ва Юсуф онҳоро аз миёни ду зонуи ӯ берун овард, ва рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда кард.


Ва шанбеи муқаддаси Худро ба онҳо маълум кардӣ, ва аҳкому фароизу қонунҳо ба воситаи бандаи Худ Мусо ба онҳо амр фармудӣ.


Бубинед, ки Худованд шанберо ба шумо бахшидааст, бинобар ин Ӯ дар рӯзи шашум нони дурӯзаро ба шумо медиҳад; пас, ҳар яке дар ҷои худ биншинед, ҳеҷ кас дар рӯзи ҳафтум аз маконаш берун наравад!»


Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Худованд Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад.


Рӯзи шанберо дар хотир нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ.


Ва ҳар кӣ падар ё модари худро бизанад, бигзор вай маҳқуми қатл гардад.


Ва ҳар кӣ падар ё модари худро таҳқир намояд, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.


Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун,


Ба падари худ, ки туро ба дуньё овардааст, гӯш андоз; ва аз модари худ, барои пир шуданаш, нафрат накун.


Насле ҳастанд, ки падари худро лаънат мекунанд ва модари худро табрик намегӯянд.


Чашме ки падарро тамасхур мекунад ва аз итоати модар нафрат дорад, зоғони водӣ онро нӯл зада мекананд, ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд.


Агар пои худро ба хотири шанбе аз иҷрои корубори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ, ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи муқаддаси Худовандро мӯҳтарам бихонӣ, ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ равона шавӣ, коруборе барои худ пайдо кунӣ ва дар ин хусус суханони беҳуда ронӣ, —


Ва шанбеҳои Худро низ ба онҳо бахшидам, то аломате дар миёни Ман ва онҳо бошад, ва онҳо бидонанд, ки Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро тақдис менамоям.


Зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва шумо тақдис ёфта, муқаддас хоҳед буд, чунки Ман қуддус ҳастам; ва нафси худро бо ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, наҷис насозед.


Ва дар соли панҷум меваи онро метавонед бихӯред, ва ҳосили он барои шумо афзун хоҳад шуд. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Шанбеҳои Маро риоя намоед, ва қудси Маро ҳурмат кунед. Ман Худованд ҳастам.


Ба ҷодугарон ва азоимхонон рӯ наоваред; аз паи он нашавед, ки худро аз онҳо наҷис гардонед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ғарибе ки дар миёни шумо маскан гирифтааст, бигзор барои шумо мисли тубҷоии шумо бошад; ва ӯро мисли худат дӯст дор, зеро ки шумо дар замини Миср ғариб будед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Шаш рӯз кор бояд кард, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромӣ, ҷамъомади муқаддас мебошад; ҳеҷ кор накунед; он дар ҳамаи масканҳои шумо шанбе барои Худованд аст.


Шанбеҳои Маро риоя намоед, ва қудси Маро эҳтиром кунед. Ман Худованд ҳастам.


Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»


„Малъун бод касе ки падару модари худро хорӣ диҳад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“


Падари худ ва модари худро иззат намо, чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, то ки умри ту дароз шавад, ва дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои ту некӯ бошад.


Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар итоат намоем, то ки зист кунем?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan