Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 19:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Дар миёни қавми худ ғайбатгӯӣ накун, нисбат ба хуни ёри худ бепарво набош. Ман Худованд ҳастам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 19:16
24 Iomraidhean Croise  

Касе ки ёронашро ба сони нахҷир таслим мекунад, чашмони бачагонаш сиёҳ меравад.


Дили ман мисли алафи офтобзадае хушкидааст, зеро ки хӯрдани нонамро фаромӯш мекунам.


Ба муқаддасон низ, ки дар мамлакат ҳастанд, ва ба нерумандон — тамоми иштиёқи ман дар онҳост.


Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ ба Сион некӣ бикун; ҳисорҳои Ерусалимро барпо намо.


Дар ҳаққи ёри худ шаҳодати дурӯғ надеҳ.


Овозаи бекораро ба забон нарон; дасти худро ба шарир надеҳ, то ки шоҳиди козиб бошӣ.


Аз гапи дурӯғ канорагирӣ намо; ва бегуноху одилро накуш, зеро ки Ман шарирро сафед нахоҳам кард.


Касе ки адоватро рӯпӯш намояд, дурӯғгӯй аст, ва касе ки бӯҳтон занад, аблаҳ аст.


Хабаркаш сирро ошкор мекунад, вале шахсе ки рӯҳан вафодор аст, ҳар чизро ниҳон медорад.


Хабаркаш сирро ошкор мекунад; пас ту бо даҳаньяла алоқа накун.


Ҳамаашон муртадҳои гузаро ҳастанд, ва бӯҳтон зада мегарданд; онҳо мис ва оҳан мебошанд, ва ҳамаашон фасодпешаанд.


Ҳар яке аз ёри худ барҳазар бошед, ва ба ҳеҷ бародар эътимод накунед, зеро ки ҳар бародар пойпечак медиҳад, ва ҳар ёр бӯҳтон зада мегардад.


Бӯҳтонгӯён андаруни ту буданд, то ки хун бирезанд; андаруни ту бар кӯҳҳо хӯрок мехӯрданд, андаруни ту ба фисқу фуҷур дода мешуданд.


Ва гуфт: «Ман гуноҳ кардам, ки Хуни бегуноҳро таслим кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чӣ? Худат медонӣ».


„Малъун бод касе ки ришва гирад, то ки ҷоне нобуд гардида, хунаш ба ноҳақ рехта шавад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“


Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад.


Ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ,


Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд,


Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда,


Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Чаро суханони одамонро мешунавӣ, ки мегӯянд: „Инак, Довуд ба ту қасди бад дорад“?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan