Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 19:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ҳаққи ёри худро нахӯр ва ғоратгарӣ накун, музди меҳнати муздурро назди худ то субҳ нигоҳ надор.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 19:13
29 Iomraidhean Croise  

Касе ки ёронашро ба сони нахҷир таслим мекунад, чашмони бачагонаш сиёҳ меравад.


Агар қуввати онро хӯрда бошам, бе он ки қиматашро адо кунам; ва агар ҷони соҳибони онро ба танг оварда бошам, —


Чунон ки ғулом иштиёқманди соя аст, ва чунон ки муздур умедвори музди худ мебошад,


Агар дарида шавад, бояд онро барои исбот кардан биёрад; барои даридашуда товон нахоҳад дод.


Агар соҳибаш бо он бошад, — товон нахоҳад дод; агар он киро карда шуда бошад, — товонаш ба киропулӣ дохил шудааст.


Ва ғарибро фиреб надеҳ, ва ӯро ба танг наовар, зеро ки дар замини Миср ғариб будед.


Агар касе нуқра ё колоеро назди ёри худ амонат бимонад, ва амонаташ аз хонаи он шахс дуздида шавад, — агар дузд ёфт шавад, вай бояд дучанд товон бидиҳад;


Сангҳои дигар‐дигар, андозаҳои дигар‐дигар — ҳар дуяш ҳам назди Худованд зишт аст.


Бенаворо тороҷ накун, зеро ки вай бенавост; ва мискинро дар маҳкама озор надеҳ,


Ба ёри худ нагӯй: «Бирав ва бозгард, ва фардо хоҳам дод», вақте ки дар пеши худ дошта бошӣ.


«Вой бар касе ки хонаи худро ба ноинсофӣ, ва болохонаҳояшро ба беадолатӣ бино мекунад: ёри худро муфт кор фармуда, музди варо намедиҳад,


Худованд чунин мегӯяд: адолат ва инсофро ба амал оваред ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед; ва ғариб, ятим ва беваро озор надиҳед ва зулм накунед, ва хуни бегуноҳро дар ин макон нарезед.


Ва ҳеҷ касро ба танг наоварад, ба қарздор гарави варо баргардонад, ғорат накунад, нони худро ба гуруснае бидиҳад ва бараҳнаро либосе бипӯшонад,


Андаруни ту ришва мехӯрданд, то ки хун бирезанд; ту фоида ва суд мехӯрдӣ, ва ба моли ёри худ бо ситам тамаъ менамудӣ, вале Маро фаромӯш кардӣ, мегӯяд Худованд Худо.


Қавми ин замин якдигарро беамон зулм ва тороҷ менамоянд, мискин ва бенаворо фиреб медиҳанд, ва дар ҳаққи ғариб ноинсофона ситам мекунанд.


Ва агар чизе ба ёри худ бифрӯшед, ё чизе аз дасти ёри худ бихаред, якдигарро фиреб накунед.


Ва якдигарро фиреб накунед; ва аз Худои худ тарсон бош; зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ё чизи гумшударо ёфта, дар ин бобат мункир шавад, ва қасами дурӯғ хӯрад дар яке аз корҳое ки одамизод карда, дар онҳо гуноҳкор мешавад, —


Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: „Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охирин то аввалин бидеҳ“.


Аҳкомро медонӣ: „Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун“».


Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он чи барои шумо муқаррар шудааст, талаб накунед».


Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.


Зеро ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд»; ва боз: «Меҳнаткаш музди худро сазовор аст».


Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan