Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб, ки ба номи Исроил хонда мешавед, ва аз чашмаи Яҳудо ба вуҷуд омадаед, ва ба исми Худованд қасам мехӯред, ва Худои Исроилро зикр мекунед, лекин на аз рӯи ростӣ ва на аз сидки дил.
Ва ӯ ба ман гуфт: «Ин лаънатест, ки бар рӯи тамоми замин берун меравад, зеро ҳар кӣ дуздӣ мекунад, аз ин тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид, ва ҳар кӣ қасами дурӯғ мехӯрад, аз он тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид.
Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо «оре, оре» ва «не, не» бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.