Ва ӯ ба вай гуфт: «Ман низ набие мисли ту ҳастам, ва фариштае бар тибқи каломи Худованд ба ман сухан ронда, гуфт: „Варо бо худ ба хонаат баргардон, то ки вай нон бихӯрад ва об бинӯшад“». Аммо ӯ ба вай дурӯғ гуфт.
Агар касе нуқра ё колоеро назди ёри худ амонат бимонад, ва амонаташ аз хонаи он шахс дуздида шавад, — агар дузд ёфт шавад, вай бояд дучанд товон бидиҳад;
Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».