9 Аврати хоҳаратро, яъне духтари падарат ё духтари модаратро, хоҳ мавлуди хона бошад хоҳ мавлуди берун, — аврати онҳоро ошкор накун.
Яке бо зани ёри худ кори зишт мекард, дигаре келини худро бо фисқу фуҷур палид месохт, сеюмӣ ба номӯси хоҳари худ, яъне духтари падари худ, андаруни ту таҷовуз менамуд.
Аврати духтари писарат ё духтари духтаратро, — аврати онҳоро ошкор накун, зеро ки инҳо аврати туст.
Аврати духтари зани падаратро, ки аз падарат зоида шуда бошад, — вай хоҳари туст, — аврати варо ошкор накун.
Ва касе ки хоҳари худро, яъне духтари падараш ё духтари модарашро бигирад, ва аврати варо бубинад, вай низ аврати ӯро бубинад, — ин расвоист; бигзор онҳо дар пеши назари фарзандони қавми худ маҳв карда шаванд; ӯ аврати хоҳарашро ошкор кардааст, — барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
„Малъун бод касе ки бо хоҳари худ, яъне бо духтари падари худ ё бо духтари модари худ, бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“