8 Аврати зани падаратро ошкор накун; он аврати падари туст.
Ва чунин воқеъ шуд, ки дар вақти иқомати Исроил дар он сарзамин Реубен рафта, бо суррияи падари худ Билҳо хобид. Ва Исроил инро шунид. Ва банӣ‐Яъқуб дувоздаҳ нафар буданд.
Хурӯшон мисли об будӣ, бартарӣ наёбӣ, зеро ки бар ҷойхоби падари худ баромадӣ; бистари маро палид кардӣ, бар он баромадӣ.
Аврати падарро андаруни ту ошкор месохтанд, ба номӯси занони ҳоиза андаруни ту таҷовуз мекарданд.
Ва касе ки бо зани падари худ хобида, аврати падари худро ошкор кардааст, — бигзор ҳар дуяшон кушта шаванд; хунашон бар гардани онҳост.
Муштоқи онанд, ки ғубори замин бар сари мискинон бошад, ва бенавоёнро аз роҳ мезананд; ва мард ва падараш назди як зан мераванд, то ки исми қуддуси Маро беҳурмат кунанд;
Овозае ба гӯшам расид, ки дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатто дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст.
Бигзор ҳеҷ кас зани падари худро нагирад, ва аврати падари худро ошкор накунад.
Касе ки байзаҳояш маҷақ шудааст, ё олати таносулаш бурида шудааст, наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад.
„Малъун бод касе ки бо зани падари худ бихобад, чунки домани падари худро ошкор кардааст!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“