7 Аврати падаратро, яъне аврати модаратро ошкор накун; вай модари туст, аврати варо ошкор накун.
Биё, падари худро шароб нӯшонем, ва бо ӯ бихобем, то насле аз падари худ нигоҳ дорем».
Аврати падарро андаруни ту ошкор месохтанд, ба номӯси занони ҳоиза андаруни ту таҷовуз мекарданд.
Ҳеҷ кас ба ҳеҷ хешованди ҳамҷисми худ наздик нашавад, то ки авраташро ошкор кунад; Ман Худованд ҳастам.
Ва касе ки бо зани падари худ хобида, аврати падари худро ошкор кардааст, — бигзор ҳар дуяшон кушта шаванд; хунашон бар гардани онҳост.
Ва касе ки зан ва модари варо бигирад, ин фисқу фуҷур аст; ӯ ва онҳо бояд дар оташ сӯзонида шаванд, то ки фисқу фуҷур дар миёни шумо набошад.
„Малъун бод касе ки бо зани падари худ бихобад, чунки домани падари худро ошкор кардааст!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“