6 Ҳеҷ кас ба ҳеҷ хешованди ҳамҷисми худ наздик нашавад, то ки авраташро ошкор кунад; Ман Худованд ҳастам.
Ва ҳамон шаб падари худро шароб нӯшонданд, ва духтари калонӣ омада, бо падари худ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
Аврати падарро андаруни ту ошкор месохтанд, ба номӯси занони ҳоиза андаруни ту таҷовуз мекарданд.
Яке бо зани ёри худ кори зишт мекард, дигаре келини худро бо фисқу фуҷур палид месохт, сеюмӣ ба номӯси хоҳари худ, яъне духтари падари худ, андаруни ту таҷовуз менамуд.
Ва фароизу дастурҳои Маро риоя намоед, ки одам онҳоро ба амал оварда, бо онҳо зинда хоҳад буд; Ман Худованд ҳастам.
Балки фақат бо ҳамҷисми ба худаш наздик: бо модараш ва падараш ва писараш ва духтараш ва бародараш,
Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз хун парҳез кунанд;