Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 18:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва фароизу дастурҳои Маро риоя намоед, ки одам онҳоро ба амал оварда, бо онҳо зинда хоҳад буд; Ман Худованд ҳастам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 18:5
19 Iomraidhean Croise  

Ва онҳоро таъкид менамудӣ, то ки сӯи Тавроти Ту руҷӯъ намоянд, вале онҳо рафтори шарирона намуда, ба аҳкоми Ту гӯш надоданд, ва бар хилофи қонунҳои Ту, ки кас агар онҳоро ба ҷо оварад, зиндагии некӯ мебинад, гуноҳ карданд, ва аз итоат рӯ тофта ва гарданкашӣ карда, гӯш надоданд.


Ва Худо ба Мусо сухан ронда, ба ӯ гуфт: «Ман Худованд ҳастам.


Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: «Ман Худованд ҳастам; ҳар он чиро, ки Ман ба ту мегӯям, ба фиръавн, подшоҳи Миср, бигӯ».


Бинобар ин ба банӣ‐Исроил бигӯ: „Ман Худованд ҳастам, ва шуморо аз зери ситамҳои мисриён берун хоҳам овард, ва шуморо аз бандагии онҳо раҳо хоҳам кард, ва шуморо бо бозуи тӯлонӣ ва бо довариҳои азим наҷот хоҳам дод.


Гӯши худро хам карда, назди Ман биёед; бишнавед, то ки ҷони шумо зинда шавад; ва Ман ба шумо аҳди ҷовидонӣ, яъне марҳаматҳои боэътимоди Довудро хоҳам бахшид.


Бар тибқи фароизи Ман рафтор кунад ва дастурҳои Маро нигоҳ дошта, дар роҳи ростӣ амал намояд, чунин кас одил аст, ва ҳатман зинда хоҳад монд, мегӯяд Худованд Худо.


Ва фароизи Худро ба онҳо додам, ва дастурҳои Худро ба онҳо эълон намудам, ки ҳар кӣ онҳоро ба ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд.


Валекин хонадони Исроил дар биёбон ба зидди Ман исьён карданд: бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд ва аз дастурҳои Ман, ки ҳар кӣ онҳоро бо ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд, нафрат карданд, ва шанбеҳои Маро бағоят хор шумурданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехта, онҳоро дар биёбон маҳв хоҳам кард.


Вале писарон ба зидди Ман исьён карданд: бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд, ва дастурҳои Маро нигоҳ надоштанд, то ки онҳоро ба ҷо оваранд, ва ҳол он ки ҳар кӣ онҳоро ба ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд; шанбеҳои Маро хор шумурданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехта, хашми Худро бар онҳо дар биёбон ба итмом хоҳам расонид.


Ҳеҷ кас ба ҳеҷ хешованди ҳамҷисми худ наздик нашавад, то ки авраташро ошкор кунад; Ман Худованд ҳастам.


Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, тағьир наёфтаам, ва аз ин рӯ шумо, эй банӣ‐Яъқуб, несту нобуд нашудаед.


Ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Хеҷ кас некӯ нест, чуз Худои ягона. Лекин агар мехоҳӣ дохили ҳаёт шавӣ, аҳкомро нигоҳ дор».


Ба вай гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун, ва хоҳӣ зист».


Мусо дар бораи адолате ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: «Ҳар кӣ онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист».


Ва ман мурдам, ва он ҳукме ки барои ҳаёт дода шуда буд, сабаби мамоти ман шуд;


Аммо шариат аз имон нест, вале касе ки онро ба ҷо меоварад, бо он зиндагӣ хоҳад кард.


Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, ба овози Ӯ гӯш диҳӣ ва ба Ӯ бичаспӣ, зеро ки Ӯ ҳаёти ту ва дарозии умри туст, то ки ту дар замине ки худованд ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки онро ба онҳо бидиҳад, сукунат намоӣ».


Ва Худованд Худоят дили ту ва дили насли туро махтун хоҳад кард, то ки Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст дошта, зинда бимонӣ.


Ва алҳол, эй Исроил, фароиз ва аҳкомеро бишнавед, ки ба ҷо овардани онҳоро ман ба шумо таълим медиҳам, то ки шумо зинда монед, ва рафта, заминеро, ки Худованд Худои падаронатон ба шумо медиҳад, тасарруф намоед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan