Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 18:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Дастурҳои Маро ба амал оваред ва фароизи Маро риоя намоед, то ки бар тибқи онҳо рафтор кунед; Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 18:4
15 Iomraidhean Croise  

Ва аҳди Худро барои онҳо ба ёд овард, ва аз рӯи эҳсонҳои зиёди Худ таассуф хӯрд,


Тирҳои тези марговар бо ахгарҳои ратам.


«Ман Худованд Худои шумо ҳастам: бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро нигоҳ доред ва онҳоро ба ҷо оваред;


Ва рӯҳи Худро андаруни шумо хоҳам ниход, ва шуморо водор хоҳам намуд, ки бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро риоя намоед ва ба ҷо оваред.


Ва бандаи Ман Довуд подшоҳи онҳо хоҳад буд, ва як чӯпон барои ҳамаи онҳо хоҳад буд, ва бар тибқи дастурҳои Ман рафтор хоҳанд кард, ва фароизи Маро риоя хоҳанд намуд ва онҳоро ба ҷо хоҳанд овард.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Вале шумо фароизу дастурҳои Маро риоя намоед, ва ҳеҷ якеро аз ин қабоҳатҳо ба амал наоваред, — хоҳ тубҷоиён хоҳ ғарибоне ки дар миёни шумо маскан гирифтаанд;


Ва фароизу дастурҳои Маро риоя намоед, ки одам онҳоро ба амал оварда, бо онҳо зинда хоҳад буд; Ман Худованд ҳастам.


Фароизи Маро риоят кунед; чорпои худро бо ҷинси ғайр ҷуфтӣ нанамо; киштзори худро бо ду навъ тухмӣ кишт накун; ва либоси иборат аз ду навъ матоъ, яъне аз пашм ва катон, напӯш.


Пас, тамоми фароизи Маро ва ҳамаи дастурҳои Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред. Ман Худованд ҳастам».


Пас, тамоми фароизи Маро ва тамоми аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред, то замине ки Ман шуморо ба он ҷо мебарам, то ки дар он сокин шавед, шуморо қай накунад.


Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рӯи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.


Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред.


Ва ин аст аҳком, фароиз ва дастуроте ки Худованд Худои шумо амр фармуд, ки ба шумо таълим диҳам, то онҳоро дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо убур менамоед, ба амал оваред,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan