Бо Худованд Худои худ чунин амал накун! Зеро ки ҳар он чи дар назари Худованд зишт аст, ва аз он Ӯ нафрат дорад, онҳо бо худоёни худ мекарданд; онҳо ҳатто писарон ва духтарони худро барои худоёни худ дар оташ месӯзониданд.
Ва писари худро аз оташ гузаронид, ва афсун кард ва фол кушод, ва ҷодугарону азоимхононро ба кор андохт; бо аъмоле ки дар назари Худованд бад аст, бисьёр машғул шуд, то ки Ӯро ба хашм оварад.
Муштоқи онанд, ки ғубори замин бар сари мискинон бошад, ва бенавоёнро аз роҳ мезананд; ва мард ва падараш назди як зан мераванд, то ки исми қуддуси Маро беҳурмат кунанд;