12 Аврати хоҳари падаратро ошкор накун; вай ҳамҷисми падари туст.
Ва Амром аммаи худ Юкобадро барои худ ба занӣ гирифт, ва вай барои ӯ Ҳорун ва Мусоро зоид; ва солҳои умри Амром: саду сию ҳафт сол.
Аврати духтари зани падаратро, ки аз падарат зоида шуда бошад, — вай хоҳари туст, — аврати варо ошкор накун.
Аврати хоҳари модаратро ошкор накун, зеро ки вай ҳамҷисми модари туст.
Ва аврати хоҳари модари худ ва хоҳари падари худро ошкор накун; он кас аврати ҳамҷисми худро ошкор кардааст; онҳо барои гуноҳи худ ҷазо хоҳанд ёфт.