9 Вале онро ба дари хаймаи ҷомеъ наоварад, то ки онро барои Худованд тақдим намояд, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
Қурбонгоҳи хокӣ барои Ман бисоз, ва қурбониҳои сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро аз гӯсфандон ва говони худ бар он тақдим намо; дар ҳар ҷое ки Ман зикри исми Худро муқаррар намоям, Ман назди ту омада, туро баракат хоҳам дод.
Ҳар кӣ мисли он таркиб диҳад, ва ё аз он бар шахси бегонае бимолад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд“».
Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.
Ва онро ба дари хаймаи ҷомеъ намебиёрад, то ки барои Худованд, пеши маскани Худованд қурбонӣ кунад, — ин барои он кас хун ҳисоб хоҳад ёфт: вай хун рехтааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд,
Ва ба онҳо бигӯ: ҳар касе ки аз хонадони Исроил, ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, қурбонии сӯхтанӣ ё забҳе тақдим намояд,
Агар ӯ гӯсфанде қурбонӣ кунад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.