Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 17:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва ба онҳо бигӯ: ҳар касе ки аз хонадони Исроил, ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, қурбонии сӯхтанӣ ё забҳе тақдим намояд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 17:8
16 Iomraidhean Croise  

Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, курбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ овард. Ва Худованд ба мамлакат марҳамат намуд, ва вабо аз Исроил дур шуд.


Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,


Ва онро ба дари хаймаи ҷомеъ намебиёрад, то ки барои Худованд, пеши маскани Худованд қурбонӣ кунад, — ин барои он кас хун ҳисоб хоҳад ёфт: вай хун рехтааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд,


Ва минбаъд онҳо забҳҳои худро барои девҳое ки пайравӣ менамоянд, набояд забҳ кунанд. Ин барои онҳо дар наслҳошон фаризаи абадӣ хоҳад буд.


Вале онро ба дари хаймаи ҷомеъ наоварад, то ки онро барои Худованд тақдим намояд, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.


Агар ӯ гӯсфанде қурбонӣ кунад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.


Зеро ки аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, ва дар ҳар ҷо ба исми Ман бухур ва ҳадияи поке оварда мешавад, зеро ки исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва банӣ‐Исроил овозаи онро шуниданд, ки инак, банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше дар рӯ ба рӯи замини Канъон дар ноҳияи Урдун, дар соҳиле ки аз они банӣ‐Исроил аст, қурбонгоҳ бино кардаанд.


Ва онҳо назди банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше ба замини Ҷилъод омаданд, ва ба онҳо сухан ронда, гуфтанд:


«Тамоми ҷамоати Худованд чунин мегӯянд: „Ин чӣ хиёнат аст, ки дар хаққи Худои Исроил кардаед, ки имрӯз аз Худованд гашта, барои худ қурбонгоҳе сохтаед, яъне имрӯз бар зидди Худованд исьён бардоштаед?


Ва барои Худованд Худои худ бар сари ин сахра қурбонгоҳе бар тибқи таомул бисоз; ва наргови дуюмро гирифта, бар чӯбҳои бути Ашера, ки шикастаӣ, ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёр».


Ва пеш аз ман ба Ҷилҷол фурӯд ой, ва инак ман назди ту фурӯд хоҳам омад, то ки қурбониҳои сӯхтанӣ биёрам, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намоям; ҳафт рӯз мунтазир бош, то ки назди ту биёям, ва он гоҳ туро огоҳ хоҳам намуд, ки чӣ бояд бикунӣ“».


Ва Самуил гуфт: «Чӣ гуна биравам? Агар Шоул бишнавад, маро хоҳад кушт». Худованд гуфт: «Гӯсолае бо худ бигир, ва бигӯй: „Омадаам, то ки барои Худованд қурбонӣ кунам“.


Ва Самуил як барраи ширхорро гирифт, ва онро барои Худованд комилан қурбонии сӯхтанӣ баровард, ва Самуил барои Исроил сӯи Худованд истиғоса бурд, ва Худованд ӯро иҷобат намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan