Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 17:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва минбаъд онҳо забҳҳои худро барои девҳое ки пайравӣ менамоянд, набояд забҳ кунанд. Ин барои онҳо дар наслҳошон фаризаи абадӣ хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 17:7
23 Iomraidhean Croise  

Ва барои худ коҳинонро аз баҳри баландиҳо ва нарбузҳо ва гӯсолаҳое ки сохта буд, таъин намуд.


Ва саҳроҳоро кишт мекунанд, ва токзорҳо мешинонанд, ва онҳо ҳосили фаровон меоваранд.


Вале камшумор мешаванд ва аз фишори бадӣ ва ғаму ғусса ба залолат меафтанд.


Ҳар кӣ бо ҳайвоне алоқаи ҷинси кунад, — бояд албатта кушта шавад.


Касе ки барои худоён, ҷуз Худованди ягона, қурбонӣ кунад, — бояд маҳв карда шавад.


Дар хаймаи ҷомеъ, берун аз пардае ки бар сандуқи шаҳодат аст, бигзор онро Ҳорун ва писаронаш аз шом то субҳ ба ҳузури Худованд барафрӯзанд; ин фароизи абадӣ насл ба насли онҳо аз банӣ‐Исроил хоҳад буд.


Аз роҳе ки ба онҳо амр фармудаам, зуд дур шудаанд, гӯсолаи рехтае барои худ сохта, пеши он саҷда бурдаанд ва барои он забҳ карда, гуфтаанд: „Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!“»


Мабодо бо сокинони он замин аҳд бандӣ, ки онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, барои худоёни худ қурбонӣ мекунанд, ва туро таклиф менамоянд, ва ту аз қурбонии онҳо мехӯрӣ,


Гуфт: Агар марде зани худро талоқ диҳад, ва вай аз ӯ ҷудо шуда, ба шавҳари дигаре расад, оё ӯ аз нав сӯи ин зан бармегардад? Оё он замин тамоман палид намешавад? Вале ту бо ёрони зиёде зино кардаӣ, ва бо ин ҳама сӯи Ман мехоҳӣ баргардӣ — гуфт Худованд. —


Ва онҳо дар Миср зинокор шуда, дар ҷавонии худ зино карданд; дар он ҷо синаҳои онҳоро молиш доданд, ва дар он ҷо пистонҳои бакорати онҳоро фишурданд.


Вале аз зинокории худ, ки бо мисриён дошт, даст накашид, зеро ки онҳо бо ӯ дар айёми ҷавонии ӯ хуфтухоб доштанд, ва пистонҳои бакораташро мефишурданд, ва шаҳавоти худро бар ӯ фурӯ мерехтанд.


Ва ба онҳо бигӯ: ҳар касе ки аз хонадони Исроил, ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, қурбонии сӯхтанӣ ё забҳе тақдим намояд,


Дар он сурат Ман хашми Худро ба он кас ва ба оилаи ӯ хоҳам нигаронид, ва ӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки аз паи ӯ зино карда, ба Мӯлик зинокорона пайравӣ намудаанд, аз миёни қавми онҳо маҳв хоҳам сохт.


Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».


Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин ҷаҳон бадар ронда мешавад;


Баъд аз ин ба шумо бисьёр гуфтугӯ нахоҳам кард, зеро ки мири ин ҷаҳон меояд, ва дар Ман вай чизе надорад.


Не, балки он чи онҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед.


Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.


Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;


Ба девҳо, на ин ки ба Худо, қурбонӣ карданд, ба худоёне ки намешинохтанд, ба худоёни наве ки ба қарибӣ пайдо шуда буданд, ва падаронатон аз онҳо наметарсиданд.


Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо намурда буданд, аз аъмоли дастҳои худ тавба накарданд, ва ибодати девҳо ва бутҳои тилло, нуқра, мис, санг ва ҷӯбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк нанамуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan